Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Рӯзе ӯ аз назди як ҳоҷатхонае мегузашт, ки нолаи ҷонхароши саге ба самъаш расид. Дид, ки модасаге тасодуфан ба чуқурӣ афтодааст, зӯр мезанад, наметавонад раҳоӣ ёбад, имдодхоҳона нола мекашад. Сайид челакашро бароварда, остину почаҳояшро барзад ва ба ёрӣ шитофт. Бо душвории афзун, саропо ба ифлосӣ олуда сагро берун мебарорад. Дар Бухорои онвақта 366 масҷид ва ҳамин миқдор мадраса вуҷуд дошт. Масъалаи оби нӯшокӣ дар ин шаҳри бузург хеле душвор буд. Оби нӯшокиро мардум ба ҷаҳди зиёд бо пул дарёфт мекарданд. Ӯ ана дар ҳамин ҳолати ногувор об ёфта, сагро мешӯяд ва шиками ҳайвонро сер мекунад. Ҷонвари безабон дуртар рафта, қафо нигариста се маротиба нола мекашад. Баъди ин ҳодиса ба кору бори таҳсилаш баракат мерезад, зеҳнаш тезтар мешавад.

Ӯ дар ҳаёти маданӣ ва маърифатии шаҳр фаъолияти назаррас дошт. Бо шарикдарсони ҳамватанаш домулло Пираҳмади бузкушакӣ, домулло Маҳмуди шехонӣ, домулло Султони даштиаҳмадӣ, домулло Мирзо, домулло Усмони ховалингӣ ба пеши пирону авлиёзодаҳои маъруф пайи сӯҳбату такмили малакаву маҳорат, пайи ташреҳу тафсири пораҳои «Қуръон» ва абёту достонҳои классикони адабиёти тоҷик мешитофтанд. Ҳар кадоми онҳо бо кӯшишу ҷаҳд дар ҷабҳаи муайяне номдору маъруф мегаштанд. Тавассути дӯсташон домулло Ҳикматулло онҳо бо адиби ҷавону озодихоҳи он замон Айний шиносӣ пайдо карданд. Устод Айнӣ дар маҳфилҳои суолу ҷавоб, шеърбаракҳо ташриф оварда, ба зеҳни волои Халифа Сайиди Хатлонӣ (ӯро дар айёми таҳсилаш дар Бухоро ҳамин тавр ном мебурданд) аҳсан хонд. Шох Яҳсӣ, ки яке аз пирони комилу шӯҳратёри бахши илми фиқҳи

пешина
аз 176
навбатӣ