Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
БО ШАФОАТИ АРВОҲҲО
- Падарамон Абдулҳай Абдулхайров аз муридони маҳбуби даргоҳи Ҳазрати Эшони Алааспа буданд. Баъдтар вазифаи котиби комиҷроияи ноҳияи Восеъро ба ӯҳда доштанд, дар ҷавонӣ оламро падруд гуфтанд. Шафоати гуфтору рафтори накӯи он мардҳои шариф аст, ки мо асло хор нашудем. Ёд меорам, аз номи онҳо мардуми тобеъоти кӯҳистони Ҳисору Рашт, Бадахшон, Сариҳосору Балҷувон ҳамаи сокинони деҳаи Каримбердиро дӯст медоштанд, иззат менамуданд.
Солҳои 1965-1967 дар Бодомтуи Шӯрообод тӯе барпо гашт, ман ширкат доштам. Чун намози хуфтан фаро расид, домулло ба ман таклифи пешдарӯй кард. Ман рад намуда, гуфтам, ки мулло нестам. Пурсид:
- Аз куҷоӣ?
- Аз Каримбердии Алааспа.
- Аз хотири Бобои Эшон агар чор сура ҳам бидонӣ, мешавад, пешдарӯй ҳаққи ту аст, - гуфт домуллои деҳа гирён шуда, - Худо ҷои бобои Эшона ҷаннат кунад, мардак авлиёи барҳақ буд.
Аҳли оилаи мо хотираи Бобои Эшону фарзандони ӯро пос медоранд. Додарам Муҳаббатшо Абдулҳаев, ки ҳоло Сарвари роҳҳои оҳани вилояти Хатлонро ба ӯҳда дорад, ҳар сари чанд вақт бо мо якҷоя ба Қиблай меравад. Дар ҳаққи писари Ҳазрат, яъне Эшони Абдулмаҷид дуо мекунем, зиёрат мекунем, нон медиҳем. Худораҳматии бисёр ҷавони хушрӯй, хушзабон буд.
Субҳони Абдулҳай,
сокини шаҳри Кӯлоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё