Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
халқиро ҳамин хел ном мебурданд) муқобили онҳое, ки ба рӯйхат меафтиданд, мубориза мебурдем. Намегуфтем, ки гуноҳ доранд ё не? Ҳар рӯз 5-10 нафарро ба зиндони Кӯлоб меовардему онҷо мепарронданд. Баъд барои дошта овардани Эшони Алааспа фармон шуд. Рости гап ҳукумати онвақта аз Ҳазрат барои босаводиаш сахт метарсид. Мефаҳмонданд, ки мӯйсафед пешвои мардум аст, то ӯро гум накунем, халқ раҳгум намезанаду ба итоати мо намедарояд. Чун ба ман занаки ҳамсояаш, ки одами мо буд ва махфӣ хизмати моро мекард, фаҳмонд, ки Ҳазрат ба Тоқакаппа рафтааст, гумон кардам, гурехтааст. Барои эҳтиёт, миёни пахтазор қати номаълум ҳаракат мекардам, дар бар ҷомаи кӯҳна, аз таг шамшеру камон доштам. Ба роҳи калон баромада будам, ки мӯйсафеде маро садо кард, худро шиносонд. Гуфт, ки саргардон нашав, ӯ Эшони Алааспа аст, бовар накардам, бо тундиву тезӣ пешандозаш намудаму балоро дидам. Бори нахуст каромати авлиёи барҳақ ба чашмам падид омад. Ман, ки то ин вақт ба моҳияти дину оин, худову расул он қадар сарфаҳм намерафтам, бо шарофати Ҳазрат эътиқодам ба дини ислом қавӣ гашт. Ҳини дар маҳбасхона буданашон низ ба зиёрат мерафтам, дуошона мегирифтам. Маҳз аз сӯҳбат бо ӯ ба маънии томаш одам шудам, фаҳмидам, ки волидайни бечораву амакам ва садҳо ҳаммиллатони ман он рӯзҳои хунин бо кӯмаки моворе тоҷикҳои сустимону бегонапараст бегуноҳ шаҳид шуданд. Пир шудаам, дар назди Худои таъоло гуноҳам зиёд аст, бубахшад хуб...
Абдуллоҳи Талаб,
майори мустаъфӣ,
сокини шаҳри Кӯлоб, 103-сола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё