Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

домуллоро пазируфт. Ҳазрати Эшони Алааспа бо домулло дӯстии қавӣ дошт. Домулло Ҳикматулло марди ботакво ва хеле хоксор буданд.

Чун соли 1936 падарам аз дунё гузашт, ман дар мактаби ба номи Микоян ба кори хоҷагӣ банд шудам. Соли 1940 модарам аз дунё гузашт. Маро соли 1942 ба ҷанг бурданд. Дар ҷабҳаи Карелофин, Мурманск зидди лашкари Япония ҷангидам. Соли 1947 ба Ватан - Тоҷикистон баргаштам. Дар ҳамаи гирудорҳо, зери борони тиру тӯп маро рӯҳи бузургон бобои Эшони Алāаспа, домулло Ҳикматулло ва падарам ҳифз менамуданд.

Аброри Шариф,
сокини шаҳри Кӯлоб, 79 сола.

МОРО ҲАМ ТАЪҚИБ МЕКАРДАНД

  • Зодаи деҳаи Ҳавзако ҳастам. Азбаски падарам аз зумраи муридони бобои Эшон буданд, баробари ӯ ба деҳаи Каримбердӣ кӯч бастем. Амакҳоям Сафаралийбой, Набибой, Абдулҳамид ҳомиву пуштибони Ҳазрат буданд. Ҳини гирудор падарам вафот кард, дар тарбияи амакам Абдулҳамид мондам. Соли 1945 он кас ҳам аз олам гузаштанд. Мову додарам Ҷобир хору зор шудем. Писари сӯфӣ аст гуфта, таъқиб мекарданд. Шабу рӯзро дар саҳро сарфи молбонӣ, даравгарӣ, чигинакашӣ менамудем. Модари пирам рӯзадор бошад ҳам моро дар ин бобат сахтгирӣ намекард. Соли 1950-53 техникуми молияи пойтахтро хатм намуда, баъд ба сафи Артиши шӯравӣ ба хизмати аскарӣ рафтам. Чун
пешина
аз 176
навбатӣ