Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
-
Иллат дар ганда гуфтагиворе боз ин духтари сиёҳпича ҳар каса намегирад-да. Э, ҳар зӯровару пулдор омад, ки ҳисобаш гум. Бовар кунед, дар дӯшизагиаш ин қадар хостгор наомада буд.
-
Қиро хуш карданӣ аст? — пурсид Исмоил.
-
Ғайри золиму амалдору ҷоҳил. О, худатон медонед, ки айни ҳол ҳамин ду тоифа одамон афзоиш ёфтаанд.
-
Намепурседаш марди олимро мегирад ё не?
-
Не, лекин дар ин тобеот аз куҷо олими муҷаррад меёбам?
-
Биё, Ҳалимаморо ба Ҳазрати Эшони Алааспа ба шавҳар медиҳем, Ҳазрати туксабо. Мо аз ҷониби он кас хостгорӣ омадем, Ҳазратро хуб мешиносӣ-ку? - гуфт бо хушҳолӣ Сафаралибой.
Хомӯшии кӯтоҳе ҳукмрон гашт.
-
Аҷабо, кайҳо боз худам бо ин бузургвор роҳи хешиву пайвандӣ меҷӯстам. Дидед, нагуфтам, ки шумо бе мақсад наомадаед!
-
Туксабо кори хайрро зуд анҷом деҳ, то комёб шавӣ, фармудаанд пайғамбарамон. Мо ду-се рӯз пас омада сунхорамонро мебарем, - арз кард Мулло Назар.
-
Саросема нашавед, ҳоло Алқотуни пиракӣ ба аёдати хешовандон рафтагӣ. Биёед розигиашро мегирем, духтара ҳам мепурсем, шояд бо тӯи Давлатманд-бий як тӯй кунем.
-
Мири Балҷувона мегӯӣ? Ӯ қиро хостгорӣ кардааст?
-
Мир ба хоҳарам ошиқ шудааст,
-
Мегӯм, Давлатмандбий ҳамон баччаи Мирзодавлати сариҳосорӣ аст? — пурсид Мулло Назар.
-
Бале худи худаш, худораҳматии падарашро мешинохтам. Ин авлод ҳамаашон маҷнунвор сахт ва сидқан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё