Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
-
Орзуҷон, ҳоли мон, молҳо алафҳошона бихӯранд, баъд мебарорем. Ҳе, садқат шавам! - нидо кард Қосим ва ба меҳмонон рӯ оварда афзуд, - бо бачаҳои ман одат кардааст, аҷаб не, ки бо модараш ба хонаи Ҳазрат наравад.
-
Хайр, ба фикри банда Худо механдад мегӯянд, - гуфт Сафаралибӯй, акнун мо мехезем. Хеле ин сӯву он сӯ гап задем, вақти қиммати шуморо гирифтем.
Даст ба дуо бардоштанд. Охири моҳ тӯйи калон барпо гашт. Давлатманд Ҳосаморо ба Балҷувон, Ҳазрати Эшон Ҳалимаморо ба Парронақ овард.
САФАРАЛИБОЙ
Сар баровардӣ ба давлат, поймард
кун ба лутф,
Дастрас додат Худо, афтодагонро
даст гир!
Аз файзу баракати Ҳазрати Эшони Алааспа деҳаи Парронақ дар андак муддат обод шуд. Муридону мухлисонаш кӯчида омаданд. Онҳо кӯмакрасони ҳамешагиаш буданд. Бахусус дар кори хоҷагидории ӯ мардҳои доро Сафаралибӯй, Ғафурбой, Набибой мадад мерасонданд. Сафаралибӯй марди паҳлавонҷусса, боақл буд. Ғайри бобои Эшон ӯ барои дигарон низ пушту паноҳ ҳисоб меёфт. Дар вазъи тангии рӯзгор дасти мӯҳтоҷонро мегирифту дороии ӯ рӯз аз рӯз аз ин амали ҳотамонааш меафзуд. Шоҳидони он рӯзҳо нақл мекунанд, ки Сафаралибӯй аспи баландпочаи зебое дошт, болояш хурчини хушдӯхте партофта, ҳар саҳар аввал ба дари хонаи бобои Эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё