Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

иморати масҷиди Ҳазрат шурӯъ хоҳем кард, - гуфт Сафаралийбой.

  • Бандагони Худо, аз молу маноли олам ба кас чизе намемонад. Ҳазорҳо шоҳон кушкҳоро монда, хазинаи дурру гуҳарро вогузошта, хору зор, тани урён сафари охират карданд. Ҳамаи олам вайрона аст, обод бояд қалбҳои мо бошад. Худои таъоло охирати мову шуморо обод намояд. Худои таъоло ба марди ғанӣ Сафаралийбой ва бародарони худотарси ӯ тавфиқ диҳад, молу маводашонро, ки муҷиби ризқу рӯзии мост, афзун гардонад, мову шуморо Худои таъоло дар паноҳи раҳмату шафоаташ нигоҳ дорад, Аллоҳу Акбар!, - гуфта, даст ба рӯй кашид Ҳазрат ва ҳама баъди ин ба кору бори рӯзгор часпиданд. Яке ҳезум овард, дигаре ҷои дегро соз кард. Занҳо хамире омода намуда, тараддуди фатирпазӣ шуданд. Фазои хузнангезу яъсовари деҳ, якбора барҳам хӯрда, дурахшону обод шуд.

То бунёди масҷид Ҳазрати Эшон дар ҳуҷраи худ ба таълими муридон оғоз кард. Ҳар субҳ бо бародаронаш баъди хондани намоз ба сари заминҳояш мерафт. Сафаралийбой барои ӯ ду ҷуфти гов, як қитъаи калони замини кишт ҷудо карда буд. Баъди намози пешин кору борро ба бародаронаш вобаста карда, ба хона мешитофт. Аспашро ба яккамех баста, баъди таҳорат ба намозу таълим оғоз мекард. Чун овози азон садо медод, мардуми деҳ сӯи хонаи Ҳазрат рӯболо мешуданд. Сураҳои намозро медонистагиву намедонистагиаш ба ин ҷо мерасид. Яке баҳри таомхӯрӣ, дигар аз танҳоӣ меомад, сеюмиҳо гӯш кардани нақлҳои бобои Эшон, ҳадису ривоятҳои ӯро дӯст медоштанд. Ҳазрат ҳамаи инро пай мебурд, дарк менамуд, хушнуд мегашт. Ҳамин хел сар мешавад, биоянд, бихӯранд, бираванд, ризқу

пешина
аз 176
навбатӣ