Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Мо дарунро бингарему холро,
Мо бурунро нангарему колро.
Қиммати кас дар ин ҷода ба худотарсию худоогоҳиаш вобаста аст. Бархе аз саркардаҳои ду тарафро ба наздаш хонда, ба ифоқа меовард, аз боби зиёни кинаву кудурат, қасд доштан ба онҳо мегуфт. Бо вуҷуди ин ҳодисаҳои талаву тороҷи хонаводаҳои узбакҳои таҳҷой ба чашм мерасид. Оқибат охирин муриди узбакаш ба наздуш омаду ба зонӯ зада гуфт:
-
Таксирам, хешу таборҳои мо ба Вахш гурехта рафта, ҷою макон гирифтанд, агар дуо бидиҳӣ, мо се-чор бунаи дигар мондаем, мекӯчем. Мо маслиҳат кардем, хонаву дарамонро, ки пеши Галахирмон аст, ба шумо бахшем. Шумо Ҳазратам, дуо диҳед шуд. Насибаи зиндагии мо дар ин макон ҳамин қадар будааст, - аз ғурраҳои ашк, ки рӯи ҷавони узбак, муриди дӯстдораш шорид, дили ҳассоси Ҳазрат таҳ хӯрд. Ӯ ҳам худро нигоҳ дошта натавонист. Азоби кӯчбандӣ, ғурбатро кашида буд, ба ҳоли шогирдаш, ки ноилоҷ аз ин ҷо меравад дилаш сӯхт, сарашро сила кард:
-
Аввал ин ки наравед. Ман Шуморо ҳимоят хоҳам кард. Аммо рафтани бошед, дар куҷое бошед, Худо нигаҳдоратон бошад, исломро фаромӯш накунед, боз ба хабаргирӣ биёед, азизам, - худро аз гиря базӯр нигоҳ дошт Ҳазрат.
Масҷиди Эшон дар қисми болои Каримбердӣ, дар ҷои хилвате воқеъ гашта буд. Ҳазрат шабро дар ҳуҷраи паҳлӯи масҷид мегузаронид, рӯзҳо паи таълими муридон банд буд. Чун соати таълим анҷом меёфт, баъди намози ҷумъа вазъ мегуфту боз ба муноҷоту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё