Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

хонаҳояшон бурданд. Мардум аксарият Эшони Шарифи Каронакиро ғоибона мешинохтанд, талоши ӯро дар роҳи илму амали ислом медонистанд, ихлос доштанд, фарзандони ӯро бо самимият пазироӣ карданд.

РӮЗГОР ДАР ПАРРОНАК

Холмуҳаммади ҷавон ва модари пиру муридони падараш бо маслиҳату машварати хокимон ва пирони мавзеи Мазори Ҳазрати Султон аз деҳаҳои Дараи аспон, Шикоргоҳ ва Дараи Хурдак гузашта, дар деҳи хушманзари Чуқурак маскан гирифтанд. Талу теппаҳои ин ҷо дасти ба даст сафҳаи китоби нимкушодаро мемонд. Қад-қади дарёҳоро анбӯҳи дарахтони сояафкану мевадор фаро гирифта буд. Аз моварои онҳо се хати борики чашмаоб гӯё рамида-рамида берун мегашт. Чӯйчаҳо чун ба паҳно, ялангии сабзазор мерасиданд, серобу шӯҳу сергавғо ба поён ҷараён мегирифтанд.

Даст болои чашмон соябон карда, Холмуҳаммад, ки савори асп буд, ба уфуқ, ба офтоббаро дида дӯхт. Хуршед дар нӯги найзаи шахҳои кӯҳи Чилдухтарон чун табли нуқрагин сафед, пурҷило, сарду беҳаракат метофт.

  • Хоб барвақт ба роҳ баромадем-а? Бубин, ҳоло хуршед фурсати гармшавӣ наёфтааст, - ҳазл кард муриде, ки паҳлӯи ӯ ҳарсавор мерафт.

  • Бале, аз файзи саҳар баҳра гирифтем, иншоаллоҳ рӯзгорамон обод мешавад. Ҳамин хел нест, модарҷон?

  • Мулке, ки обу замин дораду офтоби гарм, баҳшиши Худованд аст, бачам. Дар ҳамин кӯҳдомани

пешина
аз 176
навбатӣ