Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
поси шаб ба тасбеҳу таҳлил, қироату тавба машғул буданд.
Вақте ки завҷаашон Бибӣ Майсара меомаданду мегуфтанд, ки охир рӯз то бегоҳ ҷафои деҳқонӣ мекашед, сипор дар даст шудгор мекунед, меоеду боз ба дав масҷид меравед, аз масҷид меоеду дам намегиред, аҳволатон чӣ мешавад? Боз ба ҷои он ки болои пӯстак бинишинед, зонуҳотона болои ҷоруби кундак мондаед. О, шумо бо ин аҳвол мемуред, мефаҳмед, гӯён ситеза менамуд. Ӯ оромона посух медод:
- Эй кампир, кор аз пеш бисёр вазнин аст, ту он қадар мутолиа надорӣ, ноогоҳӣ, хубаш, ки ту ба кори худ машғул шаву ман ба кори худ, бо тоату ибодати худ машғул шавам.
Ҷоннисориву худфарсоиҳош дар роҳи тариқати сӯфигӣ ӯро ба волоияту соҳибкароматӣ расонид.
Шайх боре ба таъзияи як бародар ба шаҳри Кӯлоб омад. Чун мӯйсафедон баҳам нишастанду таъзияро ба охир расониданд, ҳайрот тақсим карданд (ин таҷомул аз бобою аҷдод дар ҷанозаи ҳар майит такрор мешавад, онро йртиш ҳам меноманд). Тасодуфан ба Шайх гиреҳи майда мерасад. Дар ҳамон ҷо як марди шиносаш гӯён шӯхиомез таън мезанад:
- Ҳа, Шайх, ин ҷо Баландсар нест, ки соҳибэҳтиром бошӣ, дидӣ, гиреҳи мо чӣ қадар калон аст, моро иззат мекунанд.
Дили ҳассоси Шайх таҳ хӯрд, ранҷид, чун такроран боз ҳамон эрода гирифт, Шайх бо газаби фавқулодда гуфт:
- Э, хонаи ҳамон қосим (тақсимгар) бисӯзад, фаҳмидӣ!
Пас аз андаке муддат фиғони мардум аз поёни деҳ баланд гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё