Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

бо нештар даво менамуданд. Айни ҳол муридони зиёди Шайх Домулло Мӯҳтоҷ зиндаанд.

XXX

Баробари ин бародарони Эшон ва хоҳарашон низ мулло буданд. Хоҳарзодаи Эшон Мулло Собир низ аз уламоҳои шинохта ба ҳисоб мерафтанд. Дар давраи ҳукумати шӯроҳо мулло гуфта, он касро ба баталиони коргарӣ равона сохтанд. Дар бозгашт дар поезд маҷрӯҳ мешавад. Мулло Собир забони ширин дошт, ғазалсарой мекарданд. Чанд ғазалу рубоӣ дар васфи Ҳазрати Эшони Алааспа навиштаанд, ҳофизу сароянда, машшоқи хушсалиқаву хушадое низ буданд. Дигар бародар, муриди хубашон Мулло Назар буд, ки аз он кас фарзандони хубе чун Масҳо, Абдувалӣ, Абдунабӣ дар қайди ҳаётанд. Дигар муридонашон Теша, Асрор ва Абдусатторанд. Писарони Мулло Қаюм - Хоҷӣ Қодир ва Хоҷӣ Ҷобир айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб зиндагиву кор мекунанд. Хоҷӣ Ҷобир бисёр марди саховатманд аст. Аз баракати дасти он кас дар Мазори Ҳазрати Султон масҷиди ҷомеи калоне ба хизмати мардум қарор гирифтааст. Хоҷӣ Ҷобир ҳамин хел як масҷиди дигар дар шаҳри Кӯлоб низ сохтааст. Аз баракати дасти ин пайрави Ҳотами Той чандин сағирахонахову беморхонаҳо, дабистону кӯдакистонҳо баҳрабардор гаштаанд.

Муридони Ҳазрати Эшон дар ноҳияи Фархор Мулло Нурулло ва бародарашон мебошанд.

пешина
аз 176
навбатӣ