Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

меравам. Не, аз умрам афсӯс намехӯрам. Дар тӯли бист соли таълиму тадрис муридону шогирдони зиёде соҳиби хати иршод шуданд, ки онҳо низ фарзандони мананд. Иншоаллоҳ, агар дар ин фитнаву офати бархоста зинда монанд, шамъи маҳфилҳо хоҳанд шуд, ҳа, агар зинда монанд», - аз дил мегузаронид бобои Эшон. Шаб қариб ки мижа ба ҳам набаст. Боз ба тиловату зикр нишаст. Чун касе ба суроғаш наомад, барои дидорбинии шогирдон ба деҳаи Тоқакаппа роҳ гирифт. Аспи аслан рамузфаҳмаш, табъи озурдаи соҳибашро дарк сохта, бомаром гом мебардошт. Ягона ёдгори зинда аз устодаш ҳамин ҷонвари безабон буд. Вақте ки овардаш, дунан (чорсола) буд. Ҳоло аспи солрафта шудааст. Чӣ қадар хотироту рӯзҳои нишоту сурур, ғамҳо мотамро бо ҳам дидаанд. Ӯ бароиш азизу муқаддас аст, акаву додарворе вафодорӣ кард. Кӣ медонад, ҳар лаҳза шояд вопасин дами ҳамроҳии онҳо бошад. Дар гардиши деҳаи Сарёзӣ хастагии аспро фаҳмид, фаромад, ба тутӣ канори ҷӯй такя зада, аспро раҳо кард, то об хӯрад ва аз алафҳои канори роҳ бичарад. Аспи пиру марди пирро гардиши айём, хаставу логар, ҳиррачашму ларзон карда буд. Ҳарду тоби офтоби сӯзони охирҳои фасли тобистонро накарда, хешро ба соя, ба лаби об мекашиданд. Тақдирро бубин. Бухоро куҷову ин ҷо куҷо, айёми шабобаш дар он шаҳри сергулгула ҳеҷ ба гӯшаи хаёлаш намеомад, ки рӯзе аз хонаи худ фирорӣ мешавад, то рақибонаш миёни аҳли байт беобрӯ насозанд, дили онҳоро нашикананд. Андеша кардан муҳол буд, ки рӯзе бомаърифатӣ, худотарсӣ гуноҳи кабира мешудааст. Китобхону ҳунармандро маҳв месозанд. Пас ин давлат ба дӯши кӣ ва дар заминаи чӣ меистад? Худовандо, нигоҳ дор бандагонатро аз бетавфиқию бетоатӣ. Банди

пешина
аз 176
навбатӣ