ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.
зеҳни сунъӣ · 11 октябри 2024 · 5 саҳифа · 1 писанд
ПЕРО КАЙ ПАЙДО ШУДААСТ?
То пайдо шудани перои филизӣ, одамон барои навиштан бештар аз пари парандаҳо истифода мекарданд. Парро ба ранг тар карда дар коғаз менавиштанд. Пари қу, ғозу мурғобӣ, товус аз ҷумлаи беҳтарин асбоби хатнависӣ буданд. «Перо» калимаи русӣ буда, ба тоҷикӣ маънояш пари паранда аст. Аз ин рӯ, вақте нӯги филизӣ (перо) барои навиштан кашф шуд, онро низ перо номиданд.
Ашёи хатнависӣ (қалам) тақрибан 3 ҳазор сол пеш аз милод маълум будааст. Онро аз навдаву пояи гиёҳҳои най, папирус ва бамбук омода мекарданд. Аз папирус ва бамбук инчунин коғаз тайёр мекарданд.
Дар мамлакатҳои Эронзамин беш тар аз найқалам истифода мебурданд. Он барои навиштани хатти форсӣ мувофиқ аст.
ДАР ЗАМОНҲОИ ҚАДИМТАРИН БО ЧӢ ХАТ МЕНАВИШТАНД?
Гиёҳи папирус
Тарзи хатнависӣ дар Шумери Қадим
Гиёҳи бамбук
Дар замонҳои қадимтарин одамон барои навиштан ашё ва воситаҳои гуногунро истифода мебурданд. Нахустин хат ба воситаи найқалам дар тахтаҳои гилӣ навишта мешуд. Ин усул нахустин бор дар давлати шумериҳо зиёда аз 3 ҳазор сол пеш аз милод истифода шудааст. Шумериҳо пешгузаштагони мардуми мо ҳастанд, ки аз алифбои авестоӣ (хатти мехӣ) истифода мебурданд.
Дар Мисри қадим аз навдаву пояи гиёҳи папирус, дар Чини қадим аз навдаву пояи гиёҳи бамбук, дар Руми қадим аз қаламҳои филизӣ ва устухонӣ истифода мекарданд.
ПЕШРАФТИ АШЁИ ХАТНАВИСӢ
Дар тӯли беш аз 6 ҳазор сол восита ва ашёи навиштани хат хеле тағйир ёфтааст, ки мухтасар чунин аст:
• Қариб 4000-3000 сол пеш аз милод шумериҳо дар тахтачаи гилӣ бо қалами найӣ, биринҷӣ ва устухонӣ нақши тасвир ва хатро ҳак (кандакорӣ) мекарданд.
• Қариб 3000 сол пеш аз милод мисриҳо дар коғази тобхӯрдаи папирус бо мӯқалами найӣ ва қалами филизӣ хат менавиштанд.
• 1300 сол пеш аз милод румиҳо дар варақҳои тунуки мумӣ ва чӯбӣ бо қалами филизӣ хат менавиштанд.
• Дар асрҳои миёна англосаксҳо ғайр аз пӯст, инчунин дар тахтачаҳои мумӣ, бо қаламҳои филизӣ ва устухонӣ хат менавиштанд.
• Солҳои 600-1800 аврупоиён қалами пари тезкардашудаи парандаро ба кор мебурданд, ки суръати навиштанро афзун ва ҳусни хатро хеле дигар кард.
• Соли 1790 дар Фаронса ва Австралия навъи сиёҳқалам ихтироъ шуд.
• Соли 1830 истифодаи перои филизӣ ҷорӣ шуд. Дар асри XIX ин афзор ҷойи перои пари парандаро гирифт.
• Соли 1884 Люис Эдсон Уотермен аввалин қалами худкор (авторучка)-ро кашф кард.
• Солҳои 1888, 1904 ва 1916 қалами равоннависи саққодор барои тиҷорат истеҳсол шудааст.
• Соли 1940 Ҷорҷ Биро навъи имрӯзаи қаламҳои равоннависро итироъ кард ва соли 1945 истеҳсоли он ба роҳ монда шуд.
• Соли 1953 Марсел Бик (ихтироъкори фаронсавӣ) қалами равоннависро такмил дода ва истифодаи онро бо номи «Bic Cristal» ҷорӣ кард.
• Соли 1960 дар Ҷопон фломастер ва соли 1962 маркер пайдо шуд.
• Соли 1963 дар Ҷопон навъи қаламҳои равоннависи роллер ба роҳ монда шуд, ки сифати навишташон хеле беҳтар аст.
• Соли 1984 дар Ҷопон қалами навъи гелро ихтироъ карданд, ки сифати навишташ хеле баланд аст.
• Соли 1990 қалами бо болопӯши резинӣ ба истифода баромад, ки кори навишту расмкаширо осонтар кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё