Зеҳн
ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.

зеҳни сунъӣ · 11 октябри 2024 · 5 саҳифа · 1 писанд

Наврасон
Аз аввал хондан

АЛИФБОИ БРАЙЛӢ ЧӢ ТАВР НАВИШТА МЕШАВАД?

Дар алифбои брайлӣ ҳар ҳарф ба воситаи нуқтаҳо алома ти худро дорад. Одами нобино ин аломати ҳарфҳоро аз худ мекунад. Матн ё тасвири за рурӣ дар шакли аломати ҳарф ҳои барҷаста ё болобаромада дар коғази ғафс чоп карда ме шавад. Ҳаҷми аломати ҳарфҳо ё нуқтаҳо 1 мм ба рӯйи коғази чоп боло мебароянд. Шахси нобино ба воситаи нӯги панҷаҳояш онҳоро ламс карда, базудӣ матнро мехонад. Ҳоло ба ин алифбо дар ҳама ҷойи дунё барои нобиноён китоб чоп мекунанд. Дар Тоҷи кистон ҳам барои нобиноён бо ин усул китоб чоп карда ме шавад.

ОЁ БЕ ОВОЗ СУХАН ГУФТА МЕШАВАД?

Одамоне, ки чизи хондаи дигаронро намефаҳманд ё фикрашонро бо сухан гуфта наметавонанд, ҳарфҳоро чӣ гуна истифода мебаранд? Ин гурӯҳи одамонро одамони ношунаво мегӯянд. Баъзеи онҳо хонда метавонанд, аммо чизи хондаашонро баён карда наметавонанд.

Ин одамон қобилияти шунидан ва гуфтан надоранд. Мардум онҳо ро одамони кару гунг мегӯянд. Онҳо бо ҳамдигар ба воситаи имову ишораи даст ва донистану хондани ҷунбиши лабҳо гуфтугӯ мекунанд. Забони аломат роҳи асосии омӯзиши кару гунгҳо мебошад.

Дар соли 1760 алифбои имову ишора, ки ҳар як ҳарф ба воситаи ҳолати ангушт нишон дода мешавад, пайдо шуд. Инро алифбои дактилологӣ ё дактилогӣ барои кару гунгҳо меноманд. “Дактиол” дар забони юнонӣ ангуштро мегӯянд. Алифбои дактилогӣ дар баробари ишораи узвҳои даст, гуфтори забониро низ дар бар мегирад. Вақте алифбои дактилогӣ аз рӯйи қоидаи навишт ҳарфҳоро пайи ҳам нишон медиҳад, забони имову ишора якбора калимаро пурра пешниҳод мекунад.

АЛИФБОИ ДАКТИЛОГӢ

Алифбои дактилогӣ алифбоест, ки дар он ҳар ҳарфи алифбо ба воситаи ангуштҳои даст нишон дода мешаванд. Гӯянда ва шунаванда бо донистани ин ҳарфҳо мазмуни суханро зуд дарк мекунад. Чанде аз ҳарфҳои ин алифбо ба ҳарфҳои алифбое, ки мо менависем, монанд ҳастанд: бахусус, «о», «м», «г», «ш». Агар одами ношунаво, инчунин биноии заиф дошта бошад, аломати ҳарфҳо дар кафи дасташ ишора карда мешаванд. Ин намуди алифборо дермография меноманд.

Дар ҳоли ҳозир дар дунё барои ин гурӯҳи одамон беш аз 40 намуди хат ва низоми алифбоӣ вуҷуд дорад. Миқдори аломати ҳарфҳо дар «алифбои ангуштӣ» вобаста ба алифбои навишти ҳар кишвар фарқ мекунад.

ҲАРФҲОРО БО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Дар замони мо барои на виштан аз комютер, планшет ва қалам (ручка) истифода ме баранд. Дар компютер ва план шет навиштанро ҳуруфчинӣ мегӯянд. Дар системаи ҳофи заи компютер намунаи ҳамаи ҳарфҳои забонҳои дунё мавҷуд аст. Вақти чоп забони зарурӣ интихоб карда мешавад. Дар клавиатураи компютер намунаи ҳарфҳои забонҳо мавҷуд аст. Ба воситаи он матни зарурӣ дар саҳифаи компютер ҳуруфчинӣ карда мешавад. Пас он матнро ба шакли даркорӣ танзим мекунанд. Тарзи ҳуруфчинӣ дар компютер нисбат ба дастнависи хаттӣ хеле осон ва пешрафта аст. Ҳама гуна матну сурати дар компютер таҳияшуда ба восиати асбоби чоп – принтер дар рӯйи коғаз чоп карда мешавад. Китобҳо низ аз рӯйи матни дар компютер ҳуруф чинишуда дар матбаа чоп мекунанд.

ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁДИ НАВИШТАН

Дар низоми кори компютер тарзи диктаи матн низ мавҷуд аст, ки барномаи махсус худаш онро ба матн табдил медиҳад.

Ҳамчунин барномаҳои гуногун барои навиштан ва таҳияи матн вуҷуд доранд. Масалан, китобҳои гуногунро ба воситаи компютер (сканер) нусха карда, матнашро аз нав таҳия мекунанд. Компютер бо истифода аз барномаҳои махсуси интернетӣ матнро аз як забон ба забони дигар тарҷума мекунад.

Дар планшет, телефонҳои дастӣ низ бо системаи кори компютер ҳама гуна матнро навишта, ислоҳ ва равон кардан мумкин аст. Дар замони ҳозира барои навиштан аз қалам (ручка) низ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Қаламҳое, ки ҳозир барои навиштан истифода мебаранд, қалами равоннавис (ба русӣ шариковая ручка) ном доранд.

ҚАЛАМИ РАВОННАВИСИ ШАРИКДОР

Замонҳое, ки компютер набуд, одамон бо чӣ мена виштанд? Қалами равонна виси саққодор соли 1888 дар Амрико ихтироъ шудааст. Соли 1904 шаклҳои гуногуни он ба вуҷуд омадаанд. Қалами ра воннависи саққодори имрӯза аз тарафи рӯзноманигори вен герӣ Ласло Биро соли 1931 их тироъ шудааст. Соли 1953 Марсел Бик (ихтироъкори фаронсавӣ) қалами равоннависро бо номи «Bic Cristal» такмил дод ва тарзи истифодаи онро осон кард. Тарзи кори он то ҳол чунин аст: найчаи махсуси аксаран пластикиро ранг пур карда, дар нӯги он сақо ё шарики хурд васл мекунанд. Дар натиҷаи ҳаракати сақо ранг ба рӯйи коғаз меояд ва ҳарф пайдо мешавад.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон он вақт ҷузъи он буд) ба истеҳсоли қаламҳои равоннавис соли 1965 шурӯъ карданд. Азбаски найчаҳои рангпуркунӣ ва саққочаи нӯги он камёфт буд, дар кӯчаву бозор бо дастгоҳи махсус найчаҳоро ранг пур мекарданд. Ҳоло дигар ин намуди қаламҳо хеле фаровонанд.

РАНГУ ПЕРО

То охири солҳои 70-уми асри гу зашта мардум аз қаламҳои махсу си перодор ва ранг истифода мекар данд. Қалами бо ранг менавиштагӣ соли 1748 дар Олмон ихтироъ шу дааст. Ихтирои перои филизӣ яке аз кашфиётҳои бузурги инсоният шумур да мешавад. Чунки перои филизӣ ин сониятро аз истифодаи пари паранда, найқалам ва воситаҳои дигари мушкил озод кард. Дар аввал перои филизиро дар ранг тар карда дар коғаз менавиштанд. Тарзи истифодаи онро дар мактабҳо ёд медоданд. Ҳар кас барои навиштан зарфи хурде бо номи рангдон (чернил) дошт. Ранги навишт маъмулан бунафш ё кабуд буд. Баъдтар қаламҳои худкор пайдо шуданд, ки дар дохилашон найчаи рангпуркунӣ доштанд. Барои кор ҳар сари чанд вақт найчаи дохили қаламро аз ранг пур мекарданд. Ин намуди қаламҳо ҳанӯз ҳам дар чорабиниҳои расмии байналмилалӣ истифода мешаванд.

Ҳанӯз дар Руми қадим аз филизот перо месохтанд. Пероҳои биринҷӣ, мисӣ ва нуқрагӣ вуҷуд доштанд. Вале филизоти ин намуд пероҳо хосияти чандирӣ надоштанд. Нӯги онҳоро зуд-зуд тез кардан лозим мешуд. Бинобар ин онҳо натавонистанд мавриди истифодаи умум қарор бигиранд.

пешина
аз 5
навбатӣ