Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо охири ҳар моҳ имтиҳон супурда, ба зинаи болоӣ мегузаш тем ва дар охири моҳи севум воқеан забони инглисии мо хеле хуб шуд. Ман дигар озодона ба инглисӣ ҳарф мезадам, ки тоб мехондам, шеър гӯш мекардам.
Масъули пазироии мо аз давлати Ҳинд консулгарии равобити фарҳангияшон буд. Ин консулгарӣ дар тӯли тақрибан даҳ моҳ чандин сафари гардишгарӣ ташкил кард ва мо донишҷӯёни хориҷиро ба шаҳрҳои Агра, Гоа, Бомбай тамошо бурд. Ғайр аз ин, ман дӯстони ҳинду пайдо кардам, ки бо онҳо ба Шимла, Чан дигарҳ ва шаҳрҳои дигар сафар карда, тамошо кардам ва бо ёдгориҳои таърихӣ ва ҳаёти афсонамонанди мардуми ин кишвар шинос шудам.
Умуман, Ҳинд кишвари афсонавиву дӯстдоштаниест, ки дар васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва рушди шахсии ман нақши бебаҳое бозидааст.

МУДИР, ТОЛКУЧКА ВА ДУЗД

олҳои охири ҳукумати Шӯравӣ дар кишвар камбуди Сша диди коло ҳукмрон буд. Ба ҳадде, ки фурӯшгоҳҳо ко милан холӣ буданд. Рафҳои фурӯшгоҳҳоро барои зеб бо консервҳои касмахар пур нигоҳ медоштанд, зеро чизи дигар надоштанд. Дар фурӯшгоҳҳои сарулибос низ ҳол ҳамин буд. Ҳатто пул ҳам дошта бошӣ, ёфтани сарулибосу пойафзоли муносиб номумкин буд. Фурӯшгоҳҳо ҳама давлатӣ буданд. Боқадртарин инсонҳо мудирони анборҳои давлатӣ ва фурӯшандагон буданд.
Ҳама пиру ҷавон, вазиру кабир, раису саис дастнигари инҳо буданд, то либосу палоси дилхоҳро дастрас кунанд. Агар бахти касе механдид ва либоси хуберо ба даст меовард, онро боэҳтиёт сол ҳои дароз мепӯшид.

пешина
аз 253
навбатӣ