Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар давраҳои гуногун, ҳукумати Шӯравӣ борҳо молу мулки одамонро мусодира кардааст. Дар замони ҷанги солҳои 1941- 1945 як аспи Бобоҷони маро низ мусодира кардаанд ва қиссаи ин асп хотирмон буд. Мегуфтанд, ки ин як аспи бадхӯй будааст, ки ба ғайр аз бобоям касеро ба наздаш роҳ намедодааст. Бобоям он аспро хеле дӯст медоштаанд ва хоҳиши писаронашонро, ки онро иваз кунанд, намепазируфтаанд.
Ривоят мекарданд, вақте ки марди русе барои мусодира ва бурдани асп омад, ба андоми асп ларза афтод, аз бадхӯиву аъмоли тарсафкани он чизе намонд. Марди рус аспи саркашро ба мисли як хари ром аз оғил бароварда, лаҷом заду савор шуда рафт. Мавлонои Румӣ фармуда:
Чу дил дилӣ нанамояд, ҷигар чӣ суд кунад...
Бузкашӣ дар замони баччагии ман хеле маъруф буд. Аспдорон бо аспҳои худ ҳамеша дар ин маъракаҳо иштирок мекарданд ва аспҳоро ба бузкашҳо, ки онҳоро «човандоз» меноманд, дода, худашон ҳаводорӣ мекарданд. Бузкашӣ як бозии бераҳмона буда, дар он човандозҳо лошаи бузро аз замин бардошта ё аз дасти ҳамдигар дар рафти дави асп кашида гирифта, ба марра расонда, дар ҷои муайяне мепартоянд ва ҷоиза мегиранд.
Човандозҳо либоси ғафси махсус мепӯшанд, зеро ин як бозии хатарнок ва осебрасон аст.
Амакам нақл карданд, ки боре бобоям дар як бузкашӣ ба писарашон гуфтаанд, ки аспро бурда ба човандоз диҳад. Писарашон баргашта гуфтааст, ки човандоз дар фалон асп савор буду нахост аспи моро саворӣ кунад. Ин ба иззати нафси бобоям расида, он кас ба синни болояшон нигоҳ накарда, бе либоси махсус ба асп нишаста, ду бор паиҳам барандаи он мусобиқа шудаанд.
Дар солҳои сиюм вазъи хонаводаҳои Панҷрӯд хеле бад будааст. Мардум аз ноилоҷӣ барои ёфтани қути лоямут ба мар-

пешина
аз 253
навбатӣ