Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

коргаронро беҳтар карда бошанд ҳам, роҳҳои нави истисморро кашф кардаанд. Агар дар он замон сармоядор бевосита соҳиби корхона буда, риски муфлисшавии корхона ба худаш ва ҳамаи молу мулкаш таҳдид мекарда бошад, акнун ӯ дар паси гурӯҳи молӣ пинҳон ва дар ҳама ҳол аз хатар эмин аст. Ғайр аз ин, дар олами сармоя ҳама барои сарватманд шудани ҳамин гурӯҳҳои молӣ кор мекунанд. Оммаи одамон бо гирифтани қарзҳои бонкӣ зиндагиашонро обод мекунанд. Хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраро бо қарзҳои бонкӣ мехаранд. Бонкҳо бошанд, ба ҳамин гурӯҳҳои молӣ тааллуқ доранд.
Аз байни ин қарзҳо воми маскан (ипотека) абзори махсуси сармоядорон барои дар итоат ва хизмат нигоҳ доштани омма аст. Одатан, маоши одамон барои харидани маскан намерасад, зеро қисми зиёди маошашон барои пардохти молиёту бима сарф шавад, боқӣ харҷи зиндагӣ мешавад. Ва онҳо барои харидани маскан қарзи дарозмуддат гирифта, онро ҳар моҳ кам-кам аз маоши худ пардохт мекунанд. Одатан, воми маскан барои 30-40 сол гирифта шуда, одамро ба ҷои кор пойбанд мекунад. Агар вом ҳар моҳ ба таври муназзам пардохт нашавад, бонк фавран хонаро гирифта, ба фурӯш мегузорад ва пули худро мерӯёнад. Ҳамин тавр, ҳаёти одамон дар олами сармоя асосан барои пардохти қарзҳо сарф мешавад, ки агар аз як сӯ, корхонаҳоро бо қувваи кории доимӣ таъмин кунад, аз сӯи дигар, сарвати гурӯҳҳои молиро афзун мекунад. Дар ин низом аксари афроди ҷомеа худашон надониста, бо камоли майл барои соҳибони корхонаҳо кор мекунанд ва торафт сарвати он ҳоро бештар мегардонанд ва дар натиҷа ин низом ногузир боиси нобаробарии иҷтимоӣ мешавад. Дуруст аст, ки низоми коммунистӣ короии худро исбот карда натавонист, вале низоми сармоядорӣ низ ба баробарӣ ва адолат дар ҷомеа мусоидат намекунад.

пешина
аз 253
навбатӣ