Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пешниҳодҳо мекард ва фикрашро дар бораи масъалаи баҳс иброз мекард. Ногуфта намонад, ки ӯ пешниҳодҳои беҳтаринро медод ва таърих исбот кард, ки ҳар ҳарфаш саривақтӣ буд ва фақат аз зовияи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳарф мезад. Намедонам, аз чӣ сабаб ӯ ба лаҳҷаи эронӣ суҳбат мекард. Қисми зиёди вакилони маҷлис коммунист ва шӯравигароҳо буданд ва аз суханрониҳои Тоҳир хушашон намеомад. Аз ҷумла, садри маҷлис ба ӯ имкони сухан кардан намедод ё микрофонро хомӯш мекард, ки тамошои ин ҳама барои ҳангоматалабон хеле ҷолиб буд. Мардум агар пургӯии касеро қатъ карданӣ шаванд, «микрофони шашро хомӯш кун», гуфта мазоҳ мекарданд. Ё ба ҷои «мешавад» «мише - намише» гуфта, лаҳҷаи ӯро талха медоданд.
Чашмакзании Тӯраҷонзодаро ба сӯи садри маҷлис наворбардори телевизион хеле хуб ба навор гирифта буд, ки онро гаштаю баргашта ҳамчун исботи дурӯягии ӯ пахш карданд, ки ин ҳам сарусадои зиёд ба бор оварда буд.
Маҳкамов пеш аз истеъфо додан:
– Ман ҳанӯз ҷавонам, монед кор кунам, - гуфт.
Яке аз мухолифон ба Маҳкамов бо истеҳзо:
– Як бор мард шавед, истеъфо диҳед, - гуфт.
Ниҳоят Маҳкамов:
– Хайр ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед, - гуфта истеъфо дод.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳур тибқи қонун Қадрид дин Аслонов таъин гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғай ринавбатии Шӯрои олии Тоҷикистон «Изҳорот дар бораи Ис тиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда, Тоҷикистонро кишвари мустақил эълон кард.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои охир расм буд, ки вақти аз кор рафтани мақомдорони баландпоя ба онҳо туҳфае медоданд.
Масалан, ба сардори корхона иҷозат медоданд, ки мошини

пешина
аз 253
навбатӣ