Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Раиси ҷумҳур аз ҳисоби мардуми Бадахшон тазоҳурот ташкил карда, истеъфои Раиси Шӯрои олӣ Кенҷаевро талаб кард. Аз ин фурсат истифода бурда, мухолифон тарафдорони худро ба майдон хонданд. Аз ин ба баъд мухолифон дар майдони Шаҳидон, ҳамон майдоне, ки фоҷиаи хунини баҳманмоҳи навад рух дода буд, моҳҳо хайманишинӣ карда, ҳаёти пойтахт ва кишварро фалаҷ гардонданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботи Раёсати ҷумҳуриро тақаллубӣ номида, талаб мекарданд, ки раъйдиҳӣ аз нав баргузор шавад. Ман он вақт, баъди баргаштан аз Ҳинд, дар соли охири донишгоҳ мехондам ва дар рӯ ба рӯи чойхонаи «Роҳат» иҷоранишин будам. Барои ба донишгоҳ рафтан, роҳам аз дохили ин майдон, ки пур аз хаймаҳо буд, мегузашт. Баъзан, аз канор истода, тамошо мекардам ва ба ҳарфҳои нотиқонашон гӯш медодам. Ин тазоҳурот аз тазоҳуроти дар Ҳинд дидаи ман комилан фарқ дошт. Ин ҷо ҳеч кас фикри мусолиҳа ва музокира надошт.
Қорӣ Қиёмиддини «ғозӣ» ба назди микрофон мебаромад ва фиғон меандохт: «Во, дино, во шариато, Қуръон зери пой шуд, шариат аз даст рафт, марг ба кофирон!» ва мардум ба навҳа ҳамроҳ мешуданд. Шиори дигаре, ки ин рӯҳонӣ медод, ҷолиб буд ва шунавандаро ба тааммул водор мекард. Пас аз навҳа ӯ шиор медод «Марг ба Амрико!» ва мардум ғулғула меафканданд «Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!», ки дақиқ нусхаи шиорҳои инқилобии Эронро ба хотир меовард.
Дигарӣ мебаромаду эълон мекард: «Бас аст Маскавро хӯрондан! Мо фақат пахта ва тиллои худамонро бо нархи ҷаҳонӣ фурӯшем, роҳҳоямонро ба ҷои асфалт аз тилло месозем!» ва чашмони ҳозирон барқ мезад! Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аллакай кишвари алоҳида ва соҳибистиқлол буд.
Бозор Собир мебаромаду «Азизон, ҳар кӣ аз ағбаи Анзоб он сӯст, ӯзбак аст, манғит аст, дафъ шавад! Шумо бо инҳо нав му-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё