Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
аз чунин ҳодисаҳо пешгирӣ кунанд, вале мо натавонистем?
Чӣ бояд кард, то заминаҳо ва сабабҳои такрори онҳо набо шанд? Ба гуфти яке аз дўстон, рухдодҳои такдирсоз ва таъ сиргузор ҳатман зарурат ба таҳлил ва вокунишҳо доранд, то хулосаи дуруст бароварда шавад.
Ба назари банда, яке аз сабабҳои асосии ин бадбахтӣ, набудани ҷомеаи шаҳрвандии бар афкори умумӣ, бар ман фиатҳои миллии воқеъӣ асосёфта буд. Холигоҳи мафкуравие, ки пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар зеҳни мардум ба вуҷуд омад, бо зеҳниятҳои иштибоҳӣ ва бунёдёфта бар манфиатҳои гурўҳҳои қудратталаб пур карда шуд ва ни ҳоятан онҳо ба фоҷиа оварданд. Орзуву омоли зиёиён – як гу рўҳи хурди ҷомеа, ки воқеан ва сидқан хоҳони ислоҳоти сиё сӣ, иқтисодию иҷтимоӣ буданд, ба ҷое нарасид, зеро мар дум ҳанўз онҳоро ҳамчун пешсаф намешинохт ва аз ҳадафҳо ва хостҳои онҳо огоҳии дуруст надошт.
Дар натиҷа, боиси таассуф аст, ки он вақт қавмгароӣ, маҳалгароӣ, ҳизбу гурўҳбозӣ, мансабталабӣ ва қудратхоҳӣ, бар ваҳдат, ватандўстӣ, миллатдустӣ, шоистасолорӣ, мар думсолорӣ ғолиб омаданд ва дар зеҳнҳо ҷой гирифтанд.
Акнун шукр, ки мо ба сулҳу оштӣ, ба ваҳдати миллӣ ра сидем ва оромиву осудагӣ дар кишвари азизамон дубора бар қарор шуд. Вале имрўз ҳам мо шоҳиди он мешавем, ки маҳалгароӣ, хешу қавмпарастӣ, ришваву ҳаромхўрӣ барои баъзе аз тоифаҳои ҳамватанонамон ҷузъи ахлоқ ва рафтори рўзмарраи онҳо шудааст. Нигаронии мо аз он аст, ки бисё риҳо дар ин падидаҳои нангин на танҳо нанге намебинанд, балки бо он хў гирифтаанд.
Бар болои ин, ҳанўз ҳам мафкураи homo soveticus («одами шў равӣ») дар мағзмағзи мо ҷой гирифтааст, ки моҳияташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё