Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ШАРОБХОРӢ
ар Панҷрӯди замони бобоҳои мо шаробхорӣ вуҷуд Днадоштааст. Падарони замони бобоям шаробхориро аслан қабул надоштаанд ва шаробхории писаронашонро ҳеч гоҳ таҳаммул намекардаанд. Аксари падарҳои замони падарам худашон шароб нахӯранд ҳам, ба шаробхории писаронашон аз паси панҷа менигаристанд. Ағлаб падарони замони ман бо писаронашон ҳамқадаҳ ҳастанд.
Рӯзе яке аз амакҳоям маро, ки ҳамроҳашон будам, ба мошини тағоям савор карда, ба мавзеи хушобуҳавои истироҳатии Куррабанд, ки 5-6 километр ҷанубтар аз деҳа, дар роҳи Кӯли Калон воқеъ аст, бурданд. Ман дар сари зонуи амакам менишастам, тағоям мошин меронданд. Шояд он замон ман 4-5 сола буда бошам. Дар ин мавзеъ дӯстони амаку тағоям пеш аз мо расида ба пухтупаз ва истироҳат машғул буданд. Амаку тағоям низ ба онҳо пайваста, дастархон густурданд ва ба зиёфатхӯрӣ нишастанд. Ман ба бозӣ машғул шудам, онҳо ҳар замон маро даъват карда, чизе барои хӯрдан медоданд. Тарафи бегоҳ мо боз ба мошин нишаста, ба деҳ сарозер шудем. Онҳо байни худашон суҳбат мекарданд ва баланд-баланд механдиданд. Гоҳ-гоҳ бо ҳам русӣ суҳбат мекарданд. Ман маънои калимаҳои русиро на мефаҳмидам, вале онҳо аҷиб садо медоданд. Дар зеҳнам кали маҳои ҷолибашро такрор мекардам.
Вақте ба деҳа расидем, тағоям ману амакамро фуроварда, худашон бо мошин ба хонаашон рафтанд. Амакам ба хона равон шуданд ва ман аз пасашон давида мерафтам. Роҳи хонаи авлодии мо, ки амакам ҳам он ҷо мезистанд, аз кӯтали Усто Сангин боло мерафт. Ман каме ақиб мондам. Вақте расида, аз дарвоза да ромадам, Бобоҷонро дидам, ки бо асабоният рӯи ҳавлӣ қадам зада, бо садои баланд касеро дашномборон мекарданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё