Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

обии Роғун мухолифат мекард... Амалҳои душманонаи Ислом Каримов зидди Тоҷикистон ва хисороти расондаи ӯ бесобиқа аст, ки таҳқиқи алоҳида мехоҳад. Ин китоб бештар хосияти хотиравӣ дорад ва аз ин сабаб, баҳои ҳаққонии аъмоли ӯро ба вақти дигар ё муаллифони донотар вомегузорем.

ИҶЛОСИЯИ XVI

аёсати Шӯрои олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон 10 ноябри Рсоли 1992 бо як баёнияе истеъфо дода, даъват карданд, ки ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор гардад ва дар он ҳайати нави ҳукумат интихоб шавад.
Таҳти сарпарастии Ӯзбакистон аз 16 ноябр то 2 декабри ҳа мон сол дар Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор шуд, ки дар он Раҳмон Набиев аз мақоми Раиси ҷумҳур истеъфо дод ва ни зоми президентӣ тағйир дода шуда, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ ва роҳбари ҷумҳурӣ интихоб шуд. Баъд аз ҷаласа Оши оштӣ дода шуд, ки дар он фармондеҳони ҳарду тараф аҳд карданд, ки ба ҷангу куштор хотима медиҳанд. Вале баъд маълум шуд, ки на ҳама фармондеҳони ҳарду тараф аз хуни ҳамдигар гузашта будаанд.
Қувваҳои исломӣ-демократӣ, ки Душанбе дар дасти онҳо буд, эълон карданд, ки ҳукумати тозаинтихобро ба пойтахт роҳ намедиҳанд ва ҳамин кофӣ буд, ки ҷангу қасосгирӣ идома ёбад. Гурӯҳе бар онанд, ки чунин эълон аз сӯи мухолифин баён нашудааст, дақиқ намедонам сабаб чи буд, вале мутаассифона ин имкони тиллоии сулҳу салоҳ истифода нашуд. Ҳукумати тозаинтихоб рӯзи даҳуми декабр аз роҳи Ҳисор ба Душанбе ворид шуда, шаҳрро аз ҷангиёни мухолиф тоза кард. Қувваҳои Фронти халқӣ аз самти Норак низ ба Душанбе ворид шуданд.

пешина
аз 253
навбатӣ