Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хирманкӯбон бо як садои ҳазин «Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб»-ро нақарот карда, ягон дубайтии халқиро месароиданд. Масалан:

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,
Ба оби дида бишнондам дарахте.
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб,
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб.
Шамол омад, дарахтам решакан шуд,
Мани мискин надорам ҳеч бахте.
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб,
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб-кӯб...

Бобоям шеър зиёд медонистанд ва онҳоро бо ҳамин нақарот, бо як оҳанги ҳазин, ба савти хос месароиданд. Ман садои бобоямро бисёр дӯст медоштам. Ғайр аз ин, худашон шоиртабъ буданд ва мо набераҳоро бо шеъргунаҳои худашон дӯстӣ мекарданд; ба бародарам Абдулмаҷид, ки як каме сергӯшт ва ранги пӯс таш сафед буд:
Холахамири бобош,
Кулчафатири бобош...

Ба бародари дигарам Абдуҳалим, ки газгӯшт буд:

Қоқи бобош,
Чоқи бобош...

Ба ман, ки ба назарашон гӯё пургӯшт менамудаам:
Ғурраи бобош,
Тӯраи бобош...

пешина
аз 253
навбатӣ