Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Фикр кардӣ кори дунё осон аст? Ту ҳанӯз кӯдакӣ, дигар ба ин корҳо машғул нашав ва сари дигаронро ҳам гаранг накун!
Ин ҳарфаш ба ман сахт расид ва ман ба ӯ гуфтам, ки то муҳлати тавофуқ ҳанӯз ду ҳафтаи дигар ҳаст ва ман саъй мекунам вазифаамро иҷро кунам.
– Ихтиёрат, - гуфт ӯ бо лабханд.
Аз утоқи ӯ мисли «гурбаи аз об кашида» берун омадам. Ба ило ваи аз даст рафтани фоида, шармандагӣ эҳсос мекардам, ки аҳди худро натавонистам иҷро кунам.
Ёдам омад, ки Фозил ном як дӯстам ба афғонҳо оҳанолот мефурӯхт. Ӯро пайдо карда, хоҳиш кардам, ки ба ман мили оҳан ёфта диҳад, омода будам, ки ҳеч суде надошта бошам, вале қарор додро иҷро кунам. Ҷинси оҳанолоте, ки Фозил дошт, ба дарди ман намехӯрд. Вале ӯ ба ман нафаронеро шинос кард, ки тиҷораташон оҳанолот буд. Онҳо миқдори камтаре тайёр доштанд, вале ваъда доданд, ки агар ман бо пули нақд бихарам, ҳар теъдодеро бароям пайдо мекунанд. Он шаб хобам набурд, хеле нороҳат будам.
Субҳи рӯзи дигар, ки муҳлати дуҳафтаина буд шуд, ман дар назди бонк ҳозир шудам, вале аз он мард дарак набуд. Ба наз ди раиси бонк даромадам ва арз кардам, ки муҳлат расид, вале он мард на танҳо борро таҳвил надод, балки худаш ҳам нопайдост. Раиси бонк бо қотеъият ба кормандонаш фармон дод, ки пулро бо ҷаримааш ба ҳисоби ман баргардонанд. Ман бо ёрии кормандони бонк асноди тақозои хаттии бозгашти маблағро пур кардам ва бонк маблағи тақозоро ба ҳисоби ман рехт. Ҳини иҷрои ин супориш, он мард пайдо шуд ва маро гирифта, ба назди раис бурд ва хоҳиш кард, ки барояш чанд рӯз муҳлат диҳем, то борро таҳвил диҳад. Раис ба ӯ гуфт, ки пул ба ҳисоби ман рехта мешавад ва агар дар се рӯз борро таҳвил диҳад, маблағ ба ҳисобаш баргардонда хоҳад шуд. Он

пешина
аз 253
навбатӣ