Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз порукашонӣ, поруро паҳн намуда, заминро якчанд бор побел мекардем, то ки хок бо пору омехта ва элпа шавад.
Дар Панҷрӯд хоки нармро, ки барои кишт омода аст, элпа меноманд. Агар ин хокро ба каф бигиред, он ба даст намечаспад.
Сипас, палҳо сохтаву ҷӯякҳо кашида, пиёзу сабзӣ, картошкаву лаблабу, бодирингу помидор, райҳону кашнизу шибит ва дигар зироати мавриди ниёзи хонадонамонро мекоридем. Аз ин замини хурд мо он қадар ҳосили хуб мегирифтем, ки барои тамоми сол мерасид. Ман ёд надорам, ки боре ҳам барои хона аз бозор пиёзу сабзиву картошка харида бошем.
Ин қитъаи замин дар пеши айвони хонаамон ҷойгир буд.
Ҷӯяку палҳо ба тарзи хос тарроҳӣ мешуданд, ки аз диданаш кас лаззат мебурд. Инчунин осон шудани обёриву коркарди баъдӣ низ ба назар гирифта мешуд. Байни палҳо роҳрав гузошта, канораш ҷӯяк кашида, лаблабуву шалғам кошта мешуд, ки ҳам ба пал дастрасӣ бошад ва ҳам аз он чизе рӯёнда шавад.
Модарам гулро хеле дӯст медоранд. Дар назди хона як ҷӯяки дароз мекашидем ва модарам дар он гулу ҷорӯбу лӯбиё мешинонданд, гулҳои зебову хушбӯй ончунон ҳавлиро оро медод, накҳаташон онқадр хуш буд, ки ҳанӯз ҳам аз машомам нарафтааст. Ҷорӯбе ҳам, ки модарам мекоштанд, гули зебое дошт ва хеле хушбӯй буд. Қади ин ниҳолҳои ҷорӯб баланд мешуд ва лӯбиё ҳои дар бехи ҳар яки ин ҷорӯбҳои хушбӯй шинондашуда ба он печида, ҳамел-ҳамел мева меандохт. Тирамоҳ ниҳолҳои ҷорӯбҳоро даравида, аз онҳо дастаҳои ҷорӯб месохтанд, ки аз ҷорӯбҳои бозор камие надошт ва ҳар рӯз, ки хонаро ҷорӯб мезаданд, бӯи хушаш дармеомад. Аз ҳамон як ҷӯяки дароз модарам ҳам хонаро бо ҷорӯб таъмин мекарданд, ҳам чанд халтаи хурд лӯбиё мечиданд, ки онро хушк карда, дар тӯли сол дар ғизо истифода мекарданд. Мурчу қаланфур, райҳону шибиту кашнизро низ, ки «бӯгзор» меномиданд, ба андозаи кофӣ хушк ва захира карда, дар ӯғурча мекӯфтанд ва дар халтачаҳо гирифта,

пешина
аз 253
навбатӣ