Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
буданд, ки хеле серодам буд. Мо аз мошин фуромада, бозорро чарх задем ва ҳини баргаштан ман чанд шиша об харидам. Вақте ба мошин нишастем, яке аз онҳоро ба падарам дароз кардам.
– Чист? - пурсиданд он кас.
– Об, - гуфтам ва мошинро гирон карда, ҳай кардам. Падарам шишаро кушода нӯшиданд ва «худоро шукр» гуфтанд.
Дар Панҷрӯд баъди нӯшидани об шукр кардан ба худо ҳатмист.
Шӯхиям боло гирифта:
– Нӯшидед? - гуфта пурсидам.
– Ҳа, раҳмат, - ҷавоб доданд падар.
– Саратон чарх назад? - шӯхиро идома додам ман.
– Барои чӣ? - пурсиданд бо шубҳа ба ман нигариста падарам.
– Охир ин спирт дорад, - ба шишаи дасташон ишора кардам ман.
– Наход?! - садои падарам боло омад. Ман базӯр хандаамро фурӯ бурда ба сӯи падарам нигоҳ кардам ва фаҳмидам, ки чӣ шӯхии аҳмақонае кардаам. Ранги рӯи падарам сап-сафед канда буд. Ҳар гоҳ ки ин воқеаро ба ёд меорам, дилам ба ёди падар гум мезанад ва ин байти Шайх Саъдӣ ба забон меояд:
Ман он наям, ки ҳалол аз ҳаром нашносам,
Шароб бо ту ҳалол асту об бе ту ҳаром.
МАКТАБ
Ки чун сар барорӣ ба чархи баланд,
Зи мактаб ба майдон ҷаҳонӣ саманд.
Низомии Ганҷавӣ
онданро ман дар хона аз хоҳару бародарони калониям,
Хки дар синфҳои болоӣ мехонданд, ёд гирифта будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё