Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баччаҳоро мезад, ба ман нарасад ва дар чеҳраам ҳисси тарс пайдо бошад. Намоиши кӯтоҳе буд, вале хеле муассир ва аз сӯи тамошобинон хеле хуб қабул шуд.
Бо супориши муаллим ҳамаи «ҳунармандон»-е, ки дар намоиш бозӣ мекарданд, бояд китоби «Мактаби кӯҳна»-ро мехонданд. Шояд ин аввалин китоби хондаи ман бошад. Вале ин китоби хурд маро мафтун сохт ва роҳи бебозгашти китобхониро бароям боз кард. Саҳнаҳо ончунон устокорона навишта шуда буд, ки дар назар ҷилва мекард, гӯё ин ҳамаро на ин ки мехондӣ, балки тамошо мекардӣ. Муқоисаи мактаби кӯҳна бо мактаби деҳа таассуротро дучанд мекард. Ин китобак ба дараҷае маро шефтаи китобхонӣ кард, ки ба ибораи модарам, «кирми китоб» шудам ва баччагиям дар дунёи пурсеҳр ва асроромези достону қиссаву афсона гузашт. Китоб барои ман сандуқчаи сеҳрноке буд, ки дохилаш пур аз дӯстону душманон ва ҳодисаҳои ҳаяҷонангез буд. Дар тасаввурам гоҳе худро Самаки Айёр медидаму гоҳе Рустами Дастон. Дигар саргузашти Ятиму Одина, Самаки Айёру Гулливер, қаҳрамонҳои «Шоҳзода ва Гадо»-ву достонҳои «Шоҳнома» ва ғайра олами кӯдакии маро рангин мекарданд. Оҳ-оҳ, чӣ неъмати бузургест китоб!
Чандин бор муаллимон ба ман барои хуб хондан қаламе ё дафтаре ҷоиза додаанд, ки ин маро хеле рӯҳбаланд мекард.
Баъдҳо фаҳмидам, ки ин «ҷоиза»-ҳоро падарам ба муаллимон медо даанд, то пайт ёфта, ба ман дода, маро ба хондан ташвиқ кунанд ва ҳамин корро барои дигар хоҳару бародаронам низ карда будаанд.
Хониши даҳсола дар Шӯравӣ ройгон ва ҳатмӣ буд. Мисли ҳар чизи дигари ройгон, сифати ин таҳсил низ на он қадр баланд буд. Ба назари ман, барномаҳои мактаб бештар ба азёдкунӣ аҳаммият дода, қобилияти андеша рондан ва таҳлилу тадқиқро дар хонанда ривоҷ намедоданд.

пешина
аз 253
навбатӣ