Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд...
Лоиқ
ПАНҶРӮД
анҷрӯд дар дунёи форсизабонҳо яке аз маъруфтарин Пдеҳаҳост, зеро он зодгоҳи падари шеъри форсии тоҷикӣ Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ аст ва табиист, ки мо – панҷрӯдиҳо аз ин хеле ифтихор мекунем. Аз он сабаб ки ҳикояти ман бевосита ба ин деҳа ва сокинонаш низ рабт хоҳад дошт, мехоҳам дар бораи ин гӯшаи муқаддаси Ватан каме маълумот бидиҳам.
Панҷрӯд, воқеъ дар дараи Киштӯд, яке аз деҳаҳои шӯрои деҳоти Рӯдакӣ буда, дар замони баччагии ман тақрибан 300 буна ва зиёда аз 2000 сокин дошт. Деҳа дар ду соҳили рӯди кӯҳии Уреч, дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр, шаст километр ҷануб тар аз маркази ноҳия – шаҳри Панҷекат ҷойгир шудааст.
Дар маркази деҳа дар канори рости рӯд, ягона ҳамвории калоне ҳаст, ки дар он мақбараи Устод Рӯдакӣ, китобхонаву чойхона ва мактабу фурӯшгоҳи деҳа ҷойгир шудаанд.
Мақбараи Устод, ки соли 1958 дар остонаи ҷашни 1100-солагии шоир бино шудааст, ҷузъи маҷмӯаи бузурге буда, он осорхона, китобхона, чойхона ва боғи сабзу хуррам дорад. Дарвозаи асосии маҷмӯа хеле зебо бино шуда, дар пештоқаш ба ду хат – кириллӣ ва форсӣ «Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Самарқандӣ»
на вишта шуда буд. Баъд аз бозсозиҳои солҳои охир дидам, ки нисбаи «Самарқандӣ»-ро аз номи Устод дар пештоқи дарво за ҳазф кардаанд. Шояд ин натиҷаи сиёсатҳои ибнулвақти им-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё