Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Дар яке аз рӯзҳои Наврӯз дар масҷиди деҳа «Ҷуфти гов»
ном маъракае баргузор мешуд, ки дар он мӯйсафедони деҳа ба деҳқонон барои кишти нав фотиҳа медоданд ва мавсими киш тукори онсола оғоз мешуд. Дар кори кишоварзӣ деҳа ба ду гурӯҳ тақсим буд ва ин гурӯҳҳоро саркорон роҳбарӣ мекарданд.
Ҳамин саркорону деҳқонон дар ин рӯз дар масҷид ҷамъ шуда, тарзи кору бори кишоварзии имсоларо машварат мекарданд.
Тоза кардани ҷӯйҳо, шудгор кардани заминҳо, ба кадом зироат ихтисос додани ин ё он қитъа, тақсими кор байни аъзо ва ғайра дар ҳамин маърака баррасӣ ва ҳал карда мешуд. Баъд аз ин ҳама яке аз пирон хеста, порае аз Қуръонро қироат карда, барои Бобои Деҳқон аз худованд обу ҳавои мусоид ва ҳосили фа ровон таманно мекард ва ҳама даст ба рӯй кашида, аз паси кор мешуданд.
Хонатаконӣ яке аз расмҳои наврӯзӣ буд. Модарони деҳ, ки соҳибхона буданд, бо ёрии духтарон, пеш аз иди Наврӯз тамоми бисоти хонаро берун мебароварданд, фаршу палос ва либосҳоро аз чангу гард метаконданд, дегу косаро тоза мешустанд ва гӯё ғаму кулфати соли рафтаро аз хона берун мекарданд ва бо рӯҳи тоза, зиндагӣ дар соли навро шурӯъ мекарданд.
Баччагии ман дар ана ҳамин «Деҳаи тиллоӣ» гузаштааст.
БОБОҶОН
обои Абдухолиқи ман соли 1888 таваллуд шуда, 88 сол Бумр дида, соли 1976 вафот кардаанд. Он кас писари Зарифи Панҷрӯдӣ, набераи Бобо Ҳусейн будаанд. Номи падари Бобо Ҳусейн низ Абӯҳусейн будааст ва ба ӯ номи падарашро гузошта будаанд. Номи пушти дигарии мо Абулҳасан будааст.
Ҳамин тавр, ман писари Абдулҳамид, набераи Абдухолиқ, абе-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё