Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар замони шӯравӣ ноҳияи Панҷекат расман тобеи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) бошад ҳам, тамоми кору бори мардуми ноҳия бо Самарқанд буд. Ба Самарқанд мисли шаҳри худашон рафтуо мекарданд, он ҷо раванд, бо забони худашон гап мезаданд, бисёриҳо хешу табор доштанд. Ҳатто дар Панҷрӯд чунон ки гуфта шуд, як оилаи самарқандӣ зиндагӣ мекард. Ҳеч зарафшонии Тоҷикистон худашро дар ин шаҳри қанд берун аз Ватан ҳис намекард.
Дар Самарқанд ман худро ҳамеша ҳамчун дар хонаи худ ҳис мекардам, дар ҳоле, ки солҳои аввали донишҷӯӣ дар Душанбе эҳсоси роҳат намекардам. Баъдҳо ин ҳиссиётро дар шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон низ доштам. Намедонам, ба чӣ сабабе дар ин шаҳрҳо ҳамеша як ҳиссиёти хоссе, ки гӯё ман дар хонаи худ бошам, доштаам.
Дар Самарқанд – шаҳри сирф тоҷикӣ, он замон тиҷорат хеле ривоҷ дошт. Канори хиёбонҳои атрофи Регистон аз мағозаву ошхонаҳо ҷои холӣ надоштанд. Ошхонаву кабобпазиҳои зиёд навъҳои гуногуни хӯроку кабобро ба намоиш мегузоштанд, ки иштиҳои роҳгузаронро меовард. Бозорҳои шаҳр пур аз молҳои гуногун буд. Анбӯҳи одамон ҳамеша дар хиёбону растаҳо равуо ва савдо мекарданд. Ман дар растаҳои атрофи Регистон сайр карданро дӯст медоштам. Лаҳҷаи хоси «самарқандча»-ро гӯш карда, лаззат мебурдам.
Як зимистон мо ҳамроҳи Абдулҳаким баъд аз таътили зимис тониро дар Панҷрӯд гузарондан, ба Душанбе бармегаштем.
Бозорҳои Самарқанд нисбат ба Душанбе сермолтар буд. Мо ба бозор рафтем, то кафш бихарем. Растаҳои савдогаронро мегаштем ва кафш медидем. Нархи як кафшро пурсидем. Кафшфурӯш гуфт:
– Нуздаҳ сӯм.
– Шонздаҳ, - савдо карданӣ шудам ман.

пешина
аз 253
навбатӣ