Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Мо даҳ ҷуфт кафшро сездаҳунимӣ харида, ҳамон ҷо понзда ҳунимӣ фурӯхта, пули билети қаторро дар як они воҳид кор кардем.
СОБИРНИЁЗОВА
унон ки гуфтам, вақте маро ба шуъбаи забони урду Чгу за ронданд, дар бораи ин забон ҳеч тасаввуре надоштам, гарчанде ки дар Тоҷикистон он замон филмҳои ҳиндӣ хеле машҳур буданд. Филмҳои «Овора», «Боббӣ», «Ҷиммӣ», «Раққоси диско» ва ғайра ҳафтаҳо хонаҳои синаморо аз тамошобин пур мекарданд. Ёд дорам аввалин хархашаи хунин барои билети филми ҳиндӣ дар кинотеатри «Тоҷикистон» ба марг анҷомида, во кунишҳои зиёд ба бор оварда буд.
Забонҳои урду ва ҳиндӣ ба ду хат – арабӣ ва деванагрӣ навишта шаванд ҳам, қаблан як забон будаанд, вале дар асоси кашмакашҳои сиёсию мазҳабӣ тафовутҳои хурде пайдо кардаанд.
Их тилофҳои бар асари моҷарои тақсимоти пурқурбонии соли 1947 ба вуҷудомада сабабгор шуд, ки урду бештар ба истифодаи вожаҳои форсӣ ва ҳиндӣ ба истифодаи вожаҳои санскрит тамоюл пайдо кунад. Вале ин тафовут бештар дар навиштор ву ҷуд дорад, дар гуфтор ҳарду як забонанд. Сарфу наҳви ҳарду за бон ҳам якест, ки ин фарқи луғавиро боз ҳам камрангтар мегардонад.
Вақте ин ҳақиқат, ки забони ҳиндиро хоҳам донист, ба ман ошкор шуд, як дараҷа қаноатманд шудам, зеро филмҳои ҳиндиро, ки гоҳ-гоҳ синамои сайёр дар Панҷрӯд ба намоиш мегузошт, хеле дӯст медоштам. Махсусан, сурудҳои ин филмҳо хеле гӯшнавозу ҷолиб буданд.
Омӯхтани забони урду аз сабаби он, ки вожаҳои зиёди форсӣ дошт, бароям мушкилие надошт. Фанҳои дигарро ҳам ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё