Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ин ки ҳам адолат риоя шавад ва ҳам гапу калоча зиёд нашавад.
Вақте муаллимаро бовар кунонданӣ мешаванд, ки фалонӣ аз соли гузашта нарафта монду шояд як нафар аз духтарон фиристода шаваду ғайра, муаллима сароҳатан эълон мекунад, ки агар қоида вайрон шавад ва адолат риоя нашавад, ӯ ба шавҳараш арз мекунад. Шавҳараш сарҳанги КГБ, хадамоти бехатарии шӯравӣ будааст. Ин истидлоли муаллима чунон дандоншикан буд, ки роҳи маро то Деҳлӣ софу ҳамвор кард, худо аҷдоди муаллимаи азиз ва он сарҳангро биёмурзад.
Қисмат чӣ бозиҳое дорад, мане, ки аслан намедонистам, дар дунё забоне бо номи урду вуҷуд дорад ва аслан ба факултаи филологияи тоҷик ҳуҷҷат супурда будам, инак аз байни 16 довталабе, ки шояд ба сад умед ба ин шуъба дохил шуда буданд, ба хориҷа равон мешудам.
БАҲМАНИ 90
оли 1990 дар Тоҷикистон воқеаҳои муҳимме рӯй до- Сданд, ки барои сарнавишти кишвар тақдирсоз буданд.
Ёздаҳуми феврал дар Душанбе бар асоси овозаҳои паҳншуда, ки гӯё ба гурезагони арманӣ аз Озарбойҷон дар Душанбе хона дода мешавад, тазоҳуроти густардае баргузор шуд. Он сол дар Боку байни озарӣ ва арманиҳо низоъ уфтода буд, ки дар натиҷа, якчанд оилаи арманиҳо гуреза шуда, ба назди хешовандонашон ба Душанбе омада будаанд. Дар шаҳри Душанбе ман бори аввал шоҳиди ин гуна тазоҳурот шудам. Ҳар сол дар идҳо роҳпай моиҳо баргузор шаванд ҳам, онҳо хусусияти идона ва шод доштанд. Ин тазоҳурот бошад, беназм ва ҷангҷӯёна буд. Мо ба тамошои ин тазоҳурот рафтем. Рӯзи дувуми тазоҳурот ҳамроҳи як нафар ҳамдарсам аз тарафи Фурӯшгоҳи марказӣ ба сӯи майдони назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё