Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бухоро овардани адибону донишмандон нишонаи он буд, ки аз давлати оли Сомон умеди растагорӣ, умеди осудаҳолӣ ва нашъу нумў ҳаст. Гирд омадани фарҳангиён муждае аз имкони растагорӣ ва рў ба гурез ниҳодани онҳо нишонае аз хавфи гирифторист. Дар ҳақиқат ҳар чи ба сулолаи Сомониён даст дод, аз муттаҳид кардани кишвару миллат, аз гирди ҳам овардани неруҳои эҷодкор, аз омода сохтани шароите барои пайрезии бинои мўҳташами як фарҳанги воло буд, ки боиси тараққии беназири илм, забону адабиёт ва санъат гардид, бақои умри миллатро таъмин намуд. Аз ин рў давлати Сомониёнро давлати маънавибунёди растагорӣ номзад бояд кард.
Зотан давлат аз ҷумлаи ташаккулоти маънавист. Фаъолияти давлатӣ аз беху бун комилан моҳияти маънавӣ дорад. Ҳама қонунҳо ва имконоти маъмурӣ, ҳама барномаҳои давлат ва ғайра ба ҳамин мақсад амалӣ мешавад, ки барои одамвор зиндагӣ кардани мардум ва арзишҳои башарӣ офаридани ҷомеа имконот фароҳам ояд. Аз сохтори иқтисодӣ низ ҷуз ба ин мақсаде нест.
Иқтисоди кишвар моҳиятан иқтисоди миллӣ хоҳад буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ хизмат карда, заминаи моддиву маънавӣ ҳозир мекунад. Пас иқтисод ҳам моҳияти маънавӣ дошта, мутобиқи дархостҳои моддиву рўҳонии инсон созмон меёбад.
Агар давлат вазифаҳои миллии худро ба дараҷаи қаноатбахш иҷро намояд, ба ҳамаи миллатҳои кишвар баробар хизмат хоҳад кард. Агар миллати тоҷик бо ҷаҳду ҷадали давлати худ ба мақсад расад, муроди ҳама халқҳои кишвар ҳосил хоҳад шуд. Ва баръакс агар миллати тоҷик дар кишвари худ номурод монад, ба гумон аст, ки дар кишвари ў миллатҳои дигар ком ёбанд. То ҳоли миллати тоҷик беҳ нашавад, ҳоли миллатҳои дигари Тоҷикистон беҳ нахоҳад шуд. «Покии ҷони» мардуми тоҷик замонати некўаҳволии худи онҳо ва ҳама ёронаш хоҳад буд. Давлати миллӣ поя бар «покизаҷонии» миллат ва хиради ҳамабини вай дорад ва инҳо танҳо ба манфиати ҳама метавонанд амал бикунанд. Аз ин рў давлати миллӣ хилофи маслаки интернатсионалӣ нест, балки аз роҳи иҷрои вазифаҳои миллӣ ба сари ниятҳои умумии башарӣ хоҳад расид.

пешина
аз 351
навбатӣ