Хуросон аст ин ҷо

Мардуми тоҷик ҳоло ба чунин марҳилаи таърихӣ расидаанд, ки дарки амиқи манфиатҳои миллӣ, таъини ҳадафҳо ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавӣ зарур аст, то ки устувор кардани пояҳои ҳастии миллӣ ва баромадан ба шоҳроҳи тараққӣ имконпазир ояд.
Дафъаи аввал нест, ки тоҷикон дар сари роҳ нави таърихӣ қарор ёфтаанд. Онҳо пеш аз ин ҳам чанд бор ба дураҳаю чорраҳаи таърих расида, барои гузиниши тариқу равише ба андешаҳои доманадоре пардохтаанд. Аз назар гузаронидани он андешаҳо бешак имрўз басо ибратомўз хоҳад буд. Имрўз бояд бидонем, ки аҷдоди мо дар давраҳои таърихсози гузашта чи андешаҳо доштаанд, масъалаҳоеро, ки замони нав лаҳза ба лаҳза пеши онҳо мегузошт, чи тавр ҳал кардаанд, дар интихоби роҳҳои инкишофи минбаъда чи меъёрҳое корбаст овардаанд. Баррасии таҷрибаи гузаштагон аз шартҳои асосии комёбӣ дар ҳалли масъалаҳои бузурги замон аст.
Яке аз чунин давраҳо, ки андўхтаҳои маънавии он барои имрўз аҳамияти ҷудогона дорад, давраи маорифпарварӣ дар таърихи адабиёт ва фалсафаи иҷтимоъии тоҷикон аст. Чунон ба назар меояд, ки омўзаҳои маорифпарварон қобил аст бисёре аз мушкилҳои имрўзи моро осон кунад. Бино бар ин лозим медонем, ки ҳоло ба ҷустуҷўҳои фалсафии баъзе аз андешапардозони равшангарии поёни қарни 19 ва оғози қарни 20 як нигоҳи кўтоҳ андозем.
Маорифпарварӣ дар таърихи тоҷикони Осиёи Миёна тахминан панҷоҳ солро дар бар мегирад ва аз охирин сеяки садаи 19 оғоз ёфта, пас аз инқилоби Русияи соли 1905 номи ҷунбиши ҷадидонро гирифта, асосан бо инқилоби Бухоро дар соли 1920 ба поён расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё