Хуросон аст ин ҷо

4
Ба назар мерасад, ки он мақсадҳо, ки пешқадамони равшангарӣ доштаанд, он вазифаҳо, ки равшангарон пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, дар оғози қарни бист мукаммалтар аз ҳама дар саввумин асари Абдуррауфи Фитрат рисолаи «Раҳбари наҷот» баён шудааст. Ин рисола гувоҳӣ медиҳад, ки Фитрат ба анъанаҳои чандинасраи ҳаёти маънавии миллат, ба бозҷустҳои маънавии Аҳмади Дониш садоқате дошт ва он анъанаҳоро давом додан мехост.
Аз унвони ин рисолаи Фитрат маълум аст, ки ў ба мавзўъи растагорӣ ва наҷот, ки дар даврони эҳёи миллии Эрон, дар аҳди оли Сомон аҳамияти вежа пайдо карда, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва дигар баёнгарони афкори фалсафӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ гаштаву баргашта онро дахл кардаанд, рў овардааст. Чунонки дар садаи 9-
10 - дар замони Сомониён масъалаи растагорӣ (раҳоӣ ва наҷот)-и иҷтимоъӣ аз муҳимтарин масъалаҳо буд, дар охири қараи 19 ва аввалҳои қарни 20 низ зарурати наҷот додани миллат, зарурати эҳёи миллӣ пеш омад ва баъзе равшанфикрон эҳсос кардан гирифтанд, ки ё баробари башарияти пешқадам роҳ паймудан хоҳем омўхт ё маҳв хоҳем шуд.
Маорифпарварон ояндаи ҷомеаро дар чорчўби ҳамин барномаи растагорӣ тарҳрезӣ кардаанд. Аҷзӣ гуфта буд:
Агар аз зиндагӣ доред уммед,
1
Урупо ҳарчи медонад, бидонед
1 Сиддиқии Аҷзӣ. Анҷумани арвоҳ. Тифлис, 1331-1913, саҳ. 19.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё