Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пайдо шуд. Маълум гардид, ки гуманизми Фитрат, ки шаҳпояи миллатпарварию равшангарист, на танҳо фарҳанггустарӣ, балки бештар маънавиятҷўӣ, густариши фарҳанги маънавиро тақозо дорад. Фитрат ба анъанаҳои Аҳмади Дониш такя карда, ҷустуҷўҳои маънавии чандин аср ва ҷамъбастҷўиҳои Аҳмади Донишро идома дода, як консипсиюни эҳёи маънавӣ, як барномаи ҳартарафаи маънавию ахлоқӣ пеш биниҳод, ки ба ақидаи ў бояд боиси растагории миллат бигардад. Ҳамин консипсиюн, ҳамин «барномаи растагорӣ» дар рисолаи «Раҳбари наҷот» баён шудааст.
Ин барномае, ки Фитрат тарҳрезӣ кардааст, аз чӣ иборат аст?
Фитрат ин асари худро «маҷмўаи ахлоқия» номидааст, ки аз «аҳкоми қуръония ва аҳодиси набавия» фароҳам омадааст.1 Дар ҳақиқат андешаҳои ў бештар такя ба ояту ҳадис, тафсири Қуръони карим ва шарҳи ҳадисҳо, навиштаҳои аҳли илоҳиёт, назарияпардозони ахлоқ, файласуфҳо дорад, ки зуд-зуд аз гуфтаи онҳо иқтибос оварда, асарҳояшонро ном мебарад. Бо вуҷуди ин «Раҳбари наҷот» асаре нест, ки онро «маҷмўа» номидан (чунонки ў худ хоксорона номзад кардааст) мумкин бошад.
Садриддини Айнӣ ин асари Фитратро китоби «ахлоқ ва иҷтимоъиёт» (яъне асосҳои иҷтимоъии ҳаёт) донистааст.2 Ин таъриф мазмуни «Раҳбари наҷот»-ро беҳтар мекушояд. Рисолаи Фитрат як таҳқиқи илмии оммафаҳми фалсафист, ки муаллиф ба мероси маънавии гузаштагон ва таҷрибаи иҷтимоъии муосирон, аз ҷумла ба дастовардҳои баъзе назарияпардозони Ғарб такя оварда, бунёди маънавию ахлоқии ҳастии инсон ва ҷомеаи ояндаро муайян кардан мехоҳад. «Раҳбари наҷот» китобе дар фалсафаи ҳастист, дар бораи он аст, ки зиндагии шахс, хонавода ва миллат поя бар кадом пиринсипҳои маънавӣ бояд дошта бошад.

1 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ». 1992, № 7-8, саҳ. 16, 20.
2 С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, саҳ. 539.

пешина
аз 351
навбатӣ