Хуросон аст ин ҷо

На танҳо мафҳумҳои олие аз қабили дин ва илм, дин ва ақл ба ҳам омадаанд, аз ҳам ҷудоӣ надоранд ва Фитрат гуфтааст, ки «аввалин пояи диндорӣ илм аст»1, ҳадисро зикр кардааст, ки «дин ақл аст»2 балки гоҳ он чи дар назари аввал одитарин мафҳуме менамояд, низ бо маънавияти баланде алоқа пайдо кардааст: «Шарте, ки лозими заношавҳарист, илм аст».3 Ин тавр ба ҳам омадани мафҳуми олии маънавӣ ва одии рўзмарра дар дигар мавридҳо низ ба мушоҳида мерасад. Чунончи ў гуфтааст «Ин замон замони маданият аст. Маданият яъне муованат ба навъ».4 Ин гап чунин маънӣ дорад, ки муаллиф аз одитарин муносибату муомилаи одамон маданияти баланд хостааст. Ин маъниро Ҳусайни Воизи Кошифӣ дар садаи 15 дар «Анвори суҳайлӣ» таъкид карда буд: «Мурод аз тамаддун ёрӣ додан ва муованат намудани ин навъ бошад мар-якдигарро».
Аз дидгоҳи маънавияти баланд нигаристан ба масъалаҳои ахлоқ дар чорумин асари Фитрат «Оила» (1916) низ мушоҳида мешавад.
Аз он чи гуфта шуд, метавон хулоса кард, ки он ақидае ки дар бораи маорифпарварон дар ҷомеаи шўравӣ аз даҳаи бист то нимаи даҳаи ҳаштод вуҷуд дошт, яъне чунин пиндор, ки гўё ҷунбиши ҷадидия танҳо манфнитҳои синфии (табақотии) маҳдуди буржуазияи навхези маҳаллӣ ва ақидаҳои иртиҷоъии миллатгароии буржуазиро ифода мекард ва зидди халқи рус равона шуда буд, ба тамом аз ҳақиқат дур аст. Бегумон ҷадидия манфиатҳои буржуазияи маҳаллии кишвари мустамликаро ифода мекард ва
1 Фитрат, ҳамон асар, «Садои Шарқ», 1992, № 9, саҳ. 42.
2 Ҳамон асар, саҳ. 42.
3 Ҳамон асар, саҳ. 42.
4 Фитрат. Мунозара, саҳ. 14. Муованат ба навъ – мададгорӣ ба ҳамнавъон, ба мардумон.
баъзе ҷадидон идеологи буржуазияи миллӣ буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё