Хуросон аст ин ҷо

Аз сўи дигар баъзе масъалаҳои иҷтимоъиву сиёсӣ мубоҳисаҳое ба миён оварданд ва дар Бухоро, чунонки ишора шуд, масъалаҳои сохтори давлат ва ислоҳоти иҷтимоъиву сиёсӣ мавриди андеша омаданд. Ин ду самти муҳимми андешапардозиҳо - самти иқтисодӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ диққати ҷадидонро аз самти асосии фаъолияти онҳо, аз масъалаҳои фарҳанг ва мактабу маориф дур карда натавонист. Онҳо «мактаби усули ҷадид» мекушоданд, дарсномаҳои замонӣ тартиб медоданд, рўзномаву китоб чоп мекарданд, забону фарҳанги русӣ ва аврупоиро таблиғ менамуданд ва ҳоказо. Ҷанбаи фарҳанггустарии фаъолияти онҳо гоҳ амиқ рафта, дар эҷодиёти баъзе равшангарон ҳама мураккабиҳои фарҳанги маънавиро фаро гирифт ва бо вуҷуди назардошти амали мутаносиби омилҳои рушди ҷомеа омили маънавӣ бартарӣ пайдо кард.
Ин нишон медиҳад, ки масъалаи фаъолияти баробари омилҳои асосии пешрафти ҷомеа - омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар назарияпардозӣ баррасӣ нашуда бошад ҳам, амалан дар назар буд.
Дар он овон мафҳуми амали мутаносиби омили маънавӣ, омили иқтисодӣ ва омили сиёсӣ ҳанўз вуҷуд надошт. Ин мафҳум баъдтар дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи иҷтимоъии замони нав ва ҷараёнҳои фалсафӣ ба вуҷуд омад, ки бархе аз ин ҷараёнҳо монанд ба равшангарии мо буданд. Равшангарони тоҷик ба омили маънавӣ бартарӣ доданд ва хостанд асосҳои инсонии ҳастиро устувор кунанд, то ки ҳама соҳаҳои ҳаёт рўи пояҳои мустаҳками маънавияту одамият қарор ёбад.
Ба назари мо инро дастоварди асосии маорифпарварон бояд донист. Пурқиматтарин дастовези онҳо барои насли имрўз низ ҳамин аст. Агар мо аз маорифпарварон чизе омўхтанӣ бошем, ба ақидаи камина нахуст ба бунёди маънавии таълимоти онҳо бояд диққат кунем ва барои навсозии ҷомеаи кунунӣ аз ҳама пештар ба кор оварем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё