Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба пиндори банда, ҳоло дархости таърих чунон аст, ки рисолаҳои Фитрат «Раҳбари наҷот» ва «Оила» дар сохтмони фарҳангии ҷомеаи имрўз ҳатман бояд истифода шавад. Чунонки зикраш гузашт, дар ин рисолаҳо гўё як навъ барномаи худвежаи бозсозии маорифпарваронаи ҷомеа баён гардидааст, дурусттар он ки барномаи такомули маънавию ахлоқии инсон тарҳрезӣ шудааст ва ҳол он ки навсозии маънавии зиндагӣ аз ҳамин оғоз мегирад. Камина бар ин ақидаам, ки фикрҳои асосии рисолаҳои «Раҳбари наҷот» ва «Оила» дар мактабу маорифи имрўза, дар тарҳрезии консепсиюни мактаби миллӣ, барномаи инсонгароии омўзишу парвариш ва инсонӣ шудани асосҳои ҷомеа, дар тартиб додани дарсномаҳо ва ғайра ҳатман бояд истифода шаванд.
Фитрат соли 1912 гуфта буд: «Ҳаёту мамоти миллати мо ба дасти савдогарони мост».1 Аз ин ҷо соли 1915 хулосаи дигаре ҳам бароварда буд, ки «Тавонгарон агар аз ростиву саховат дур набошанд, ақлан ва шаръан сазовори мадҳу саноанд».2 Асрҳост, ки савдогарӣ дар Осиёи Миёна ривоҷ дошт ва савдогарони калоне саросари дунё мол мебурданду меоварданд.
Аммо нафаре аз андешапардозони мо дар бораи савдогарон чунин сухане нагуфтааст ва сарнавишти миллатро ба дасти савдогарон насупурдааст. Чунин сухане фақат дар ибтидои садаи 20, ки муносибатҳои бозаргонӣ инкишоф ёфтанд ва сармояи бозаргонӣ дар иқтисоди кишвар роли муҳимме ба ўҳда гирифт, гуфта шуд.
Соҳибназароне чун Фитрат моҳияти рўйдодҳои нави таърихиро зуд пай бурданд ва хостанд бо шарҳу маънидоди равшан ҷомеаро ба

1 Фитрат. Баёноти сайёҳи ҳиндӣ, саҳ. 54.
2 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ», 1992, № 9, саҳ. 38.
пазириши онҳо тайёр кунанд, коре кунанд, ки фалокати муносибатҳои бозаргонӣ ва азобҳои анбошт (ҷамъовари)-и аввалии сармоя то ҳадди имкон пешгирӣ шавад.

пешина
аз 351
навбатӣ