Хуросон аст ин ҷо

Барои ҷомеа лозим аст, ки ҳар кас аввал инсон, баъд мутахассиси кордон бошад. Ин аст, ки дар таълимгоҳҳои соҳавии мо илми одамият бештар аз илми тиҷорат, илми зироат, илми саноат ва ғайра бояд ҷойгоҳ биёбад. Донишҳои инсонӣ - забон, адабиёт, санъат (ҳунар), таърих инсоншиносӣ, илми ахлоқ, андарзномаҳои классикӣ, хусусан аҳкоми дин аз кўдакистон то охирин соли таҳсили таълимгоҳҳои соҳавӣ, аз чумла омўзишгоҳҳои бозаргонӣ бояд ба шакли шавқовартарин дарсе таълим дода шаванд. Он гоҳ одамият омўхтани донишҷўёнро метавон чашм дошт. Он гоҳ умеде пайдо хоҳад шуд, ки савдогарон на боиси мамот, балки боиси шукуфти ҳаёти миллат метавонанд буд.
Вазифаи давлат аст, ки омўзиши илми одамиятро дар таълимгоҳҳо хоҳ таълимгоҳи давлатӣ бошад, хоҳ хусусӣ, таъмин намояд ва зери назорат бигирад.
Таълимоти равшангарони тоҷик, ба хусус назариёти маорифпарварон аз Аҳмади Дониш то Абдуррауфи Фитрат далолат бар ин мекунад, ки имрўз дар Тоҷикистон як барномаи инсонгароии таълиму тарбия зарур аст. Зарур аст, ки одамонро аз кўдакӣ одамият омўзем. Агар ҳар чи зудтар ба иҷрои ин вазифа ҷиддан миён набандем, аз эҳтимол дур нест, ки дар андак муддат аз симои инсонии чомеаи мо андак чизе боқӣ намонад. Замона сахт одамиятсўз омадааст.
Ба ин ваҷҳ Тоҷикистон имрўз дар баробари инкишофи ҳамаи соҳаҳои илму дониш ба рушду камоли илмҳои инсонӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Лозим омадааст, ки улуми инсонӣ дар Фарҳангистони илмҳо ва курсӣ (кафедра)-ҳои гуманитарии донишгоҳҳо ба иҷрои вазифаҳои амалии инсонгароии ҷомеа наздиктар оварда шаванд.
Вақти он аст, ки илмҳои инсонӣ аз сиёсатгароӣ рў тофта ба инсонгароӣ пардозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё