Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин ҳол имрўзро дар партави таърих аз назар гузаронидан имконпазир нахоҳад буд.
Лекин ҳар ҷунбише на танҳо аз тўдаҳои шўрида иборат аст, балки чунбишҳои батааннӣ ҳам ҳастанд. Ҳар ҷунбише хоҳ тундрав аст, хоҳ кундрав, сарвароне дорад, ё дар байни онҳо касоне ҳастанд, ки вазъиятро бо хунсардӣ месанҷанд ва барои баррасиву муқоиса имкон доранд.
Масъулияти таърихӣ ба ҳар ҳоле аз сарварон дониш ва чашмандози густурда металабад. Як қисми ин дониш ҳатман дониши таърихӣ хоҳад буд.
Мисоли сабақ гирифтани мардум аз таърих бисёр аст. Он гуфтаи Ҳегелро ба маънои инкори аҳамияти таърих ва дарсҳои он набояд фаҳмид. Таърихшиносон ва аҳли илму амал аҳамияти бузурги таърихро таъкидан гўшрас овардаанд. Таърихшиноси ҳамзамони мо донишманди инглисӣ Арнолд Тойнбӣ чун асрори таърихро кашф мекард, яке аз натиҷагириҳои ў ин буд, ки рафтори мардумон дар таърих қонунмандиҳое дошта, аз ин ҷо таърих ягонагӣ пайдо мекунад ва аз ҳамин қонунмандиҳо, аз ин ягонагӣ имкони такрор ва дарку шинохт ба миён меояд.1 Он ҳукм ки мегўянд: таърих такрор намешавад, нисбист. Монандӣ ва такрор - на монандию такрори маҳз ва айнӣ, балки моҳиятан ҳамшаклу ҳаммазмун омадани воқиаҳо дар таърих бисёр дида мешавад. Ин аст, ки аз таърих сабақ хондан имконпазир аст.
Шинохтпазирии таърих, ин, ки асрори таърих ва моҳияти равандҳои таърихӣ беш аз пеш кашф шуда истодааст, дар сабақомўзии таърихӣ имконоти нав ба нав пеш меорад.
Тафаккури таърихӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои башарияти мутамаддин аст, омили моҳиятнамоест, ки барои фаҳмидани аҳамияти таърихии ҳодисаҳо, барои дарки маънои рўйдодҳои дирўзу имрўз ва робитаи онҳо имкон дода, андўхтаҳои хираду закои инсонро, ки дар саҳифаҳои китоби таърих сабт аст, ба хидмати имрўзу фардо мегузорад.

1 Дар ин бора масалан ниг: Е. Б. Рашковский. Востоковедная проблематика в культурно-исторической концепции А. Дж. Тойнби (Масъалаҳои ховаршиносӣ дар консипсиюни таърихи фарҳангии Арнолд Тойнбӣ).

пешина
аз 351
навбатӣ