Хуросон аст ин ҷо

11
Форсии Мовароуннаҳр маҳз бо худвежагиҳо, бо хусусиятҳои форсии дарӣ бештар арзиш дорад ва ҳамеша диққати дигар форсигўёнро ба худ мекашид ва ҳанўз ба худ мекашад. Аз адибону донишмандони эронӣ ҳар кас бо зиёъиёни тоҷик ҳамгап шавад, аз аввали сўҳбат аз аҷобати фарқҳо ба ҳайрат меояд. На танҳо вожаҳои алоҳида, балки таркибу таъбирҳо ва шаклҳои бостонии нодир аз сухани мо меҳмонону мизбонони эронии моро ба худ мафтун мекунанд.
Дар сухани тоҷикони Осиёи Миёна боқӣ мондани унсурҳои асили бостониро на танҳо устод Айнӣ, балки аз донишмандони эронӣ Саиди Нафисӣ, Парвези Нотили Хонларӣ ва дигарон низ қайд кардаанд. Саъидии Сирҷонӣ, ки бо заҳмати чандинсола «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифӣ ва «Ёддоштҳо»-и Садриддини Айниро дар Эрон чоп карда буд, дар сарсухани китоби дувум гуфтааст: «Соли 1342... ба чопи тозае аз Бадоеъ-ул-вақоеъ пардохтам... ба луғоте вохўрдам ва дар фарҳангҳои мавҷудаи форсӣ ба суроғи онҳо рафтам ва асаре надидам. Дар мутолиаи Таърихи Бухоро ва китобҳои дигари мовароуннаҳриён низ ҳол бар ҳамин минвол буд»1. Бинобар ин Саъидии Сирҷонӣ маҷбур шудааст, ки барои «Ёддоштҳо»-и Айнӣ луғатномае ба номи «Фарҳанги вожаҳои тоҷикӣ» тартиб диҳад, ки 2658 адад калимаю ибораро дар бар мегирад. Тартиб додани ин фарҳанг басо кори сахт буд, вале оқои Сирҷонӣ ба ҳама сахтиҳо тоб оварда, гоҳ ба тарзи ҳайратангез комёб омадааст. Фақат маънои баъзе калимаю ибораҳо ноёфта мондааст, ки саъю кўшиш барои ёфтани он аз вазифаҳои ифтихории забоншиносону адибони тоҷик аст.
1 Саъидии Сирҷонӣ. Чанд нукта ба унвони муқаддима. Дар китоби С. Айнӣ. Ёддоштҳо. - Теҳрон, 1362, саҳ. сиву ҳашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо