Хуросон аст ин ҷо

Ёди фарҳангӣ яке аз шартҳои асосии моҳияти маънавӣ пайдо кардани ҳастии инсон аст ва низ бидуни донистани таърих даст намедиҳад.
Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пўшида ва гўши ношунав қадам хоҳем зад.
Миллат, ки ба бунёдкории таърихӣ камар баст, огоҳӣ аз вазъи ҷуғрофии сарзамини худ, аз дороиҳои табиии кишвар ва захираи конҳо, аз имконоти кишоварзӣ, иқтидори саноат, чигунагии истеҳсолу истеъмол, тайёрии кадрҳои маъмурию илмӣ ҳолати илму техника ва ҳоказо зарур аст, аз ҳар чизе ки дар ихтиёр ҳаст ва барои иҷрои нақшаҳову барномаҳо ба кор меравад, маълумоти дақиқ доштан лозим меояд. Инҳо ҳама асоси иқтисодӣ ва моддиву техникии пешрафтро ташкил менамоянд.
Аммо барои адои вазифаи бузурги таърихӣ ин ҳама кам аст.
Таъкидан мегўем, ки қатъиян кифоя нест. Дар баробари инҳо, балки зиёдтар аз инҳо омили рўҳию равонӣ, омили маънавӣ, худогоҳии миллӣ ба эътибор гирифта мешавад. Зарур аст, ки миллат аз чигунагии ҳастии худ хабар дошта бошад, хусусиятҳои худ, махсусиятҳои тафаккур ва такомули фикрӣ, вежагиҳои фарҳангӣ ва инкишофи таърихии худро ба хубӣ бидонад ва ояндаи худро мувофиқи ҳамин ҳастии маънавии худ бисозад.
Бинои ояндаи таърихро на аз рўи принсипи «Ҳар чи пеш ояд, хуш ояд», балки маҳз ба он тарз ки созгори табиати маънавии миллат аст, барпо кардан даркор аст.
Хар миллат ё як гурўҳи миллатҳо муҳити зисти хосса доранд, ки таърихан шакл ёфтааст, яъне ин муҳит маҳсули такомули таърихии хоссе буда, рўҳи миллатро таҷассум додааст. Танҳо дар чунин муҳити зист ё муҳите наздик ба он аз нашъу намои миллат, аз рушди табиӣ ва падидомади мукаммали ҳастии вай метавон умед кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё