Хуросон аст ин ҷо

Ҳамин маром буд, ки дар ҷомеаи шўравӣ инсонро аз моҳияти аслӣ - аз моҳияти маънавии он маҳрум карда истода буд ва бинои одамият ва ахлоқу одоб бо суръат хароб мешуд. Аз ин рў рахна дидани он маслак рўйдоди муҳимме буд, ки агар амиқтар равад, қодир буд ҷомеаро ба роҳи нави инкишоф, ба роҳи рушду камоли маънавӣ барад.
Азбаски мубориза дар роҳи забони миллӣ, муборизае, ки дар майдони фарҳангу маънавият оғоз ёфта, теша ба решаи марому маслаки шўравӣ мезад ва натиҷаҳои муҳим дода ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ намуна шуд, КГБ (созмони амнияти шўравӣ) бар зидди Тоҷикистон иғво ангехт ва пас аз шаш моҳи қабули Қонуни забон – дар моҳи феврали соли 1990 бетартибиҳое ташкил кард, ки боиси ҳалокати 25 нафар гардид.
Мутаассифона қувваҳои иҷтимоъиву сиёсии Тоҷиқистон дар оғози даҳаи навадум натавонистанд ҷомеаро бо равшангарӣ ба пояи баландтари худшиносии милливу маънавӣ расонанд ва шуури иҷтимоъиро болотар баранд, то ки манфиатҳои миллӣ аз тариқи андеша ва ҷустуҷўҳои амиқрави илмӣ дарк шавад ва ба ин тарз хатти ҳаракати баъдӣ муайян гардад. Неруҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ ҷунбиши оммаро на ба сўи андешаи миллӣ ва ҳадафчўй, балки ба сўи баланд кардани оташи хашму ғазаб, ба сўи амали кўркўрона ва харобкорӣ равон намуданд. На ҷавҳари маънавии ҳамабину созанда, балки хашми кўри ҳамасўзро фаъол карданд.
Қувваҳои беруна оташи ситезаро доман заданд ва дар натиҷа ҷанги бародаркушӣ оғоз ёфт.
Дар сиришти инсон неку бад баробар нишастааст, аз ҷумла ҷанбаи бунёдгарӣ ва харобкорӣ баробар вуҷуд дорад. Ҳаёти ҳақиқии инсон аз фаъол шудани неруи бунёдкор, ки дар ниҳодаш ҳаст аз боло гирифтани он оғоз меёбад. Хусусан масъалаи ин, ки марҳилаҳои муҳимми таърих сарнавиштсоз хоҳанд омад ё сарнавиштшикан, дар бисёр мавридҳо комилан вобаста ба он аст, ки оммаи халқ ба кадом сў раҳнамоӣ хоҳад дид ва кадоме аз неруҳои вай бештар ба ҷунбиш омада, бартарӣ хоҳанд ёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо