Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баръакс, шукуфти гулистони зиндагӣ ҷилваи назаррабои рангҳои гуногунро бо худ дорад. Зарур аст, ки ҳар халқ рангу рўйе дошта бошад ва аз ҳамрангиву якрангӣ ҳазар кунад.
Ҳамеша ин эҳтимол аст, ки ғарбгароӣ аз пайи худ ғарбзадагӣ биёварад. Роҳ ёфтан ба тамаддуни Ғарб, бар боргоҳи илму фарҳанг ва маънавияти он, бегумон рўйдоде муҳим ва зарур аст. Аммо ғарбзадагӣ натиҷаи он аст, ки ба шеваи зиндагии мардуми Ғарб бо зоҳирписандӣ нигаристаем, барои монанд шудан ба ғарбиён дар рафтору кирдор ва ахлоқу одоб кўшидаем. Ва натиҷаи ин гаравиш бештар фасоди ахлоқ хоҳад буд. Ғарбзадагӣ фасоди ахлоқ ва коҳиши одамият аст. Афсўс, ки баъзе нишонаҳои ғарбзадагӣ дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Ҳоло раванди ҷаҳонӣ шудан дар Тоҷикистон шуруъ шудааст ва ба истилоҳ «унсурҳои қарзии ҳувиятсоз»-ро, ки соҳаи ахлоқу одоб ва забонро фаро мегиранд, ба сохтори фарҳанги миллӣ зиёд ворид меоварад. Бархе аз инҳоро дар поин хоҳем дид.

5

Ҳангоми наздик шудан ба тамаддуни Ғарб он таҷрибаи иҷтимоъиро, ки дар замони шўравӣ ҳосил шуда буд, бояд ба назар гирифт, то пайовардҳои манфии ҳамназдикии фарҳангҳо дигар такрор нашавад.
Густариши робитаи фарҳангии мардуми тоҷик бо халқи рус ва дигар халқҳои кишвари шўравӣ дар садаи бист самараи муҳим зиёд дошт. Ин самараҳо дар бисёр навиштаҳо, аз ҷумла дар баъзе

навиштаҳои ин камина нишон дода шудаанд.

пешина
аз 351
навбатӣ