Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он чӣ муҳоҷирон аз фарҳанги бегона ба фарҳанги миллат илова мекунанд, низ ҳеч наметавонад зарарҳои маънавии муҳоҷиратро ҷуброн бикунад.
Муҳоҷират ба ҳар ҳоле, кам ё беш хавфи худбегонагиро дорад.
Худбегонагӣ, дигаргароӣ, чандбаҳрагӣ ва монанди инҳо, гоҳ ҳатто дубаҳрагӣ падидае аз харобии шахсияти инсон аст. Гаравидан ба фарҳанги дигар ба кадом сабаб, ки рўй дода бошад, кам ё беш ҳувият гум кардан аст, ба ихтиёр ё маҷбуран рў гардондан аз миллати худ аст. Ва дар муҳити тоҷикон қадрношиносӣ нисбат ба фарҳанги бузурги ҷаҳоншумули худ метавонад буд.
Муҳоҷират дар бархе аз мавридҳо танҳо ба зоҳир боиси канда шудан аз ватан мегардад, вале шахс метавонад риштаҳои пайванди худро бо ватан ва миллат устувор бидорад. Чунин шахсҳо аз ҳорич ба миллати худ хидмат мекунанд. Бисёре аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ дар кишвари дигаре ба унвони фарзанди арҷманди миллати худ фаъолият мекунанд. Вале чунин шахсиятҳо каманд.
Агар бигўем, ки инҳо низ истисноанд, шояд хато нашавад.

7

Паст рафтани шуури иҷтимоъӣ дар ҷомиа, суст шудани худшиносии таърихиву фарҳангӣ ва худогоҳии миллии шахс якумин омили пурзўрест, ки барои худбехабарии маънавӣ ва ахлоқӣ замина омода мекунад ва ин худноогоҳӣ дар шароити имрўз мумкин аст зуд ба ғарбзадагй бигзарад. Имрўз ҷилои зоҳирии назаррабои фарҳанги ғарб бисёр дилфиреб шудааст ва ҳар ҷо ки дар Тоҷикистон андак тиҳигоҳи маънави ва сустии шуури миллӣ ҳаст, зуд сар мехалонад ва шахсияти инсонро хароб мекунад.
Ба ин ҳақиқат аз он равандҳо, ки дар фазои фарҳангии Тоҷикистон ҷараён доранд, метавон пай бурд.

пешина
аз 351
навбатӣ