Хуросон аст ин ҷо

Ҷавононе, ки дар таълимгоҳи миёна ва олии Тоҷикистон илмҳои асосиро ба забони русӣ ё англисӣ омўхтаанд, онҳое, ки дар хориҷ таҳсили илм кардаанд, мутахассисе хоҳанд буд, ки дар соҳаи ихтисоси худ саводи тоҷикӣ надоранд. Чунончи, муҳандис ё иқтисоддон ё ҳуқуқшинос дар соҳаи муҳандисӣ, иқтисод ва ҳуқуқ саводи русӣ, англисӣ дорад, аммо саводи тоҷикӣ надорад. Ҳар кас илмҳои дақиқ табиатшиносӣ – физика, кимиё, зистшиносӣ ва ғайраро ба русӣ ё англисӣ хонда бошад, дар ин илмҳо саводи тоҷикӣ надорад, аз саводи илмии тоҷикӣ, аз саводи ихтисосии тоҷикӣ маҳрум аст. Пас дар шароити Тоҷикистон кор кардани ў душвор хоҳад буд, илму ихтисосеро, ки ба даст овардааст, наметавонад ба тарзе ки бояд ва шояд, ба хидмати халқи худ бигузорад, наметавонад одитарии матолиби илмиро ба забони тоҷикӣ ба мардуми тоҷик бифаҳмонад.
Аз таҷрибаи замони шўравӣ медонем, ки он ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои номдори Маскав, Ленинград, Киев, Новосибирск ва дигарҳо таҳсили илм кардаанд, дар Тоҷикистон нағз хидмат карданд, ба мартабаҳои баланд расиданд, унвонҳои калони илмӣ гирифтанд, аммо бисёре аз онҳо ҳанўз забони тоҷикии илми худро намедонанд, ҳануз саводи тоҷикии илмӣ надоранд.
Маҳрумияти кадри миллӣ аз саводи илмиву ихтисосии тоҷикӣ яке аз сахттарин дардҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аст, ки онро даво кардан ва барои пешгирии густариши минбаъдаи он чора андешидан зарур аст. Ин маҳрумият ҷудоие миёни мутахассис ва миллат, мутахассис ва Ватан ба вуҷуд меорад. Худбехабарии фарҳангии мутахассис, худбегонагӣ ва худнописандии ў низ аз ҳамин ҷо оғоз меёбад.
Таҷрибаи бисёр кишварҳои Шарқ, ки монанди мо кадри миллии худро бештар дар хориҷ, дар Урупову Амрико ва ғайра омода мекунанд, низ баъзе талхиҳо дорад. Ҷавононе, ки дар Урупову Амрико таҳсили илм кардаанд, аксаран ба ватан барнамегарданд, дар хориҷ мемонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо