Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бахши якум

Хуросон аст ин ҷо

Маънавият, забон
ва
эҳёи миллии тоҷикон

ВУРУДЕ БА БОРГОҲИ ИН КИТОБ

Агар мо ҳама медонистем, ки дар Қуръони маҷид дар сураи Муҳаммад1 омадааст, ки «... агар шумо рўй (аз дини ҳақ) бигардонед, Худо қавме ғайри шумо, ки монанди шумо бахил нестанд, ба ҷои шумо падид орад. (Аз расули акрам суол карданд: Мурод аз он қавм кистанд? Ҳазрат даст бар шонаи Салмони Форсӣ2 зад ва фармуд: Қавми он мард, ки агар илм дар Сурайё бошад, риҷоли форс бар он даст ёбанд)»; Агар мо ҳама аз истинод ба «Бурҳони қотеъ» медонистем, ки ин гуфта «Забони аҳли биҳишт забони арабӣ ва форсии дарист» - ҳадиси расули акрам будааст, ҳарчанд пиромуни мансубияти он ба Муҳаммад (с) донишмандон гоҳо шак доранд, аммо аз ин байти Абулқосими Унсурии Балхӣ, ки мефармояд:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагўяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ,

1 Қуръони маҷид. Тарҷумаи устод Муҳаммадии Қумшаӣ. Интишороти «НОС». - Теҳрон.
2 Салмони Форсӣ яке аз машоҳири саҳобаи пайғамбар (с) ва аз шахсиятҳои бузурги ислом аст. Вай форс ва яке аз деҳқонзодагони ноҳияи «Ҷай»-и Исфаҳон буд. Номи аслии вай Моҳу ё Рўзбеҳ аст. Дар кўдакӣ ба дини исавӣ гаравид ва чун аз кашиш шунида буд, ки зуҳури пайғамбари тозае наздик аст, хонаи падарро тарк гуфт... Расули акрам ўро аз хоҷааш бихарид. Бар тибқи ривояти машҳур расул (с) Салмонро аз аҳли байт хондааст (Мухтасар аз «Лугатномаи Деххудо»).

пешина
аз 351
навбатӣ