Хуросон аст ин ҷо

Метавон ҳадс зад, ки Унсурӣ бо такя бар он ҳадиси набавӣ байти бузурги ифтихорангези худро гуфтааст; Агар мо ҳама медонистем, ки дар айни авҷи иқдидори давлати Сомониён абармарди шеъри форсӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар сиюпанҷсолагӣ1 ба Бухоро, ба қуббатулисломи билоди Шарқ меояд, то шукўҳу азамат ва вусьати давлатдории Сомониёнро, ки дар тўли 110 соли қамарӣ дар паҳнои саҳнаи таърих қад алам карданд, аз худ чи ибтикор ва шуҷоат, майдонгирӣ ва қаҳрамониҳое рўи қоғаз оварданд, забони дариро бар фарози тахти оҷи офаринишҳои ҷовидонӣ нишонданд, Устод Рўдакиро барҳақ Одамушшуарои назми форсӣ хонданд ва ёдгору ёдмони худро дар пешонии пурифтихори Эрон сабт карданд, бубинад ва дар «Шоҳнома»
ба бонги баланд бигўяд: Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!
Агар мо ҳама медонистем, ки амир Исмоили Сомонӣ ба забони форсӣ зиёда аҳамият медода ва таваҷчўҳи бисёр дошта ва фармонҳои хешро ба забони форсӣ содир менамудааст.2 Агар мо ҳама медонистем, ки оташхонаи Моҳи Бухоро бо истилои муслимин ба масҷиди ҷомеи Моҳ мубаддал гашт ва бо фармони Қутайба бинни Муслим мардум ба масҷиди ҷомеъ меомаданд ва ин сардори исломӣ барои ҷазби мардум ба намоз ду дирам медод, аммо ҷолибтар ин ки мардуми Бухоро ибтидо дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехонданд ва арабиро наметавонистанд биёмўзанд;3 Агар мо ҳама медонистем, ки «агар Сомониён ба ҷаҳонбонӣ намерасиданд, Эрон ва эронӣ чунон дар тамаддун ва забони тозӣ мустаҳлик4 мешуд, ки имрўз Миср ва шимоли
1 Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон, ҷилди 1, нашри тоҷикӣ.
2 Ҷовиди Ҳиравӣ. Эрон дар аҳди Сомониён, нашри «Навид», Машҳад.
3 Ҷовиди Ҳиравӣ. Ҳамон китоб.
4 Мустаҳлик - нест шудан, нобуд шудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё