Хуросон аст ин ҷо

Он ҳақиқат дар ҷомиаи мо бояд амиқан дарк шавад, ки барои дипломдоре бесаводӣ айб аст, айби бузург аст. Агар мутахассисе дар соҳаи илму ихтисоси худ саводи англисӣ ё русӣ дошта, саводи тоҷикӣ надошта бошад, забони тоҷикии он илму ихтисосро надонад, инро беҳурматӣ нисбат ба забони модарӣ, нисбат ба миллат бояд бидонем, беэҳтиромие бояд бидонем, ки на танҳо он мутахассис, балки мақомоти давлатии мо , ки тарбияи ўро ташкил кардаанд, низ зоҳир намудаанд. Ин ҷо мақомоти давлатӣ, ки рушди низоми таҳсилот ва барномаҳои тарбияи кадри миллӣ дар ихтиёри онҳост, бештар ҷавобгаранд. Давлат бояд пайванди миллат ва кадри миллиро таъмин намояд.
Надонистани забони тоҷикии илму ихтисоси худ ҳангоми ҷаҳонгароӣ қадри миллиро ба роҳи нодуруст мебарад ба роҳи дур шудан аз миллат меандозад барои худбегонагӣ ва бегонафарҳангӣ роҳ хамвор мекунад.
Дигар омилҳои қувватдиҳандаи рўҳияи бегонапарварӣ ва ғарбгароӣ низ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта истодаанд. Чунончи, ба вазъи фазои иттилоотии кишвар назаре андозем. Моҳи марти соли 2007 дар рўзи матбуоти тоҷик (95 солагии таъсиси рўзномаи «Бухорои Шариф») аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эълон шуд, ки ҳоло фақат 50 фоизи расонаҳои хабарӣ ба забони тоҷикисту бас. Ба як ҳисоб қариби 85 фоизи рўзномаҳо, ба ҳисоби дигар 50 фоизи онҳо ба забони тоҷикӣ нест, асосан ба забони русист. Чунин оморе низ зикр шуд, ки соли 2006 ба Тоҷикистон 117 рўзномаи русӣ ба тарзи қочоқ оварда мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо